Зариф: Агар Трамп таҳримҳоро бардорад, дари дипломатия боз аст
Шабакаи хабарии NBC “News” навишт, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфт, агар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико маҷмӯаи таҳримҳоеро, ки аз соли 2017 алайҳи Эрон эъмол кардааст, лағв кунад, дари дипломатия комилан боз аст.
Ба гузориши ИРНА, Вазири умури хориҷии Эрон рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо Лестер Ҳолт, муҷрии барномаи “Ахбори шабона”-и NBC-и Амрико афзуд, кишвараш ба дунболи ҷанг бо Амрико нест, аммо Трамп бояд таҳримҳои золимона алайҳи Теҳронро бардорад, то роҳ барои музокира боз шавад. Зариф гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯйкарди дипломатиро бо хориҷ шудан аз тавофуқи ҳастаии соли 2015-и байни Теҳрону қудратҳои ҷаҳон тазъиф кард; Амрико мизи музокираро тарк кардааст ва ҳамвора аз бозгашти онҳо ба мизи музокира истиқбол мешавад. Вазири умури хориҷии Эрон афзуд: “Эрон алоқае ба доштани зарродхонаи ҳастаӣ надорад, ҳарчанд агар бихоҳад, метавонад бомб бисозад, аммо агар мо алоқаманд ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ мебудем, метавонистем муддатҳо қабл ин корро анҷом диҳем”.
Зариф гуфт, ки фикр намекунад, Эрону Амрико дар остонаи ҷанг бошанд. Ӯ афзуд: “Ман ақида надорам, ки Трамп ба дунболи ҷанг аст, аммо бар ин бовар ҳастам, ки бархе аз атрофиён инро мехоҳанд. Аммо фикр намекунам, ки онҳо дар ниҳоят муваффақ шаванд ва фикр мекунам, ки эҳтиёту мулоҳизакорӣ ҳоким мешавад, зеро ҳама медонанд, ки Эрон кишвари бузургу боифтихор аст ва мо ҳамлаи низомиро ҷиддӣ мегирем”. Вазири умури хориҷии Эрон тасреҳ кард: “Иёлоти Муттаҳида бо оташ бозӣ мекунад ва ман фикр мекунам, дар ҳар музокирае бояд як вазъияти бурд-бурд ҳосил шавад, дар ғайри ин сурат авзоъ ба як вазъияти бохт-бохт мунҷар хоҳад шуд”.