Июл 17, 2019 13:51 Asia/Dushanbe
  • Бонуи эронӣ рекорди шино бо дасти бастаро сабт кард

Як бонуи шиногари эронӣ рекорди наверо дар шино бо дасти баста сабт кард.

Ба нақл аз ИРНА, Акрами Канорӣ дар ҳузури масъулони сабти рекорди Эрон ба муддати 175 дақиқа бо дастони баста шино кард, то ин рекорд дар кишвараш ба номи ӯ сабт шавад.

Ӯ қарор аст 6 моҳи дигар ҳамин рекордро дар китоби Гиннес ба сабт бирасонад.

Ин рекорд дар шаҳристони Амидия дар устони Хузистон (ҷануби ғарби Эрон) ба сабт расидааст.

Акрами Канорӣ дар бораи ин рекорди худ гуфтааст: Дар даврони Дифои Муқаддас ва амалиёти "Алфаҷр-4"  175 ғаввоси эронӣ бо дастони баста ба шаҳодат расиданд. Аз ин рӯ, қасд доштам бо сабти ин рекорд номи ин шаҳидонро бори дигар зинда кунам.