Июл 19, 2019 17:13 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди хатиби ҷумъаи Теҳрон бар озодии Шайх Иброҳим Закзокӣ

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ибрози нигаронӣ аз вахомати ҳоли Шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари ҷунбиши исломии Нигерия дар зиндон, бар лузуми озодии вай таъкид кард.

Шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари ҷунбиши Нигерия аз соли 2015, ки артиши Нигерия ба хонааш дар шаҳри Зария ҳамла кард, бидуни имконоти дастрасӣ ба пизишк ва дармонҳои пизишкӣ ва бидуни роҳи иртиботе ба ҳамсари бемораш зиндонӣ аст.

Закзокӣ ва ҳамсараш дар ин ҳамла захмӣ ва ду нафар аз фарзандон ва садҳо нафар аз пайравонаш низ шаҳид шуданд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон гуфт: Давлат ва низомиёни Нигерия бо ҳимоятҳои Амрико, режими саҳюнистӣ ва Оли Сауд чунин ҷиноётеро анҷом медиҳанд.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ ҳамчунин бо ишора ба иқдомоти раисҷумҳури Амрико, аз ҷумла хурӯҷ аз БАРҶОМ афзуд: Амрико дар даврони тасаддии Трамп ба авҷи ҳақорати худ дар ҷаҳон расидааст.