Июл 20, 2019 09:30 Asia/Dushanbe
  • Сипоҳи посдорон эълом кард; тавқифи як фарванди нафткаши англисӣ дар тангаи Ҳурмуз

Равобити нерӯи дарёии сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ ҷумъа шаб дар иттилоияе аз тавқифи як фарванди нафткаши англисӣ дар тангаи Ҳурмуз ( ҷануби Эрон ) ба далели риоят накардани муқарароти байналмиллалии дарёӣ хабар дод.

Равобити умумии нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ин иттилоия хотирнишон кард, асри рӯзи ҷумъа як фарванди нафткаши англисӣ бо номи stena impero Стина Имперо ҳангоми убур аз тангаи Ҳурмуз ба иллати риоят накардани қавонин ва муқарароти байналмиллалии дарёӣ бино ба дархости Созмони бандарҳо ва дарёнавардии устони Ҳурмузгон ( ҷунуби Эрон ) тавассути ягони шиновари минтақаи якуми нерӯи дарёии cипоҳи Посдорон тавқиф шуд.

Бар асоси эъломи равобити умумии нерӯи дарёии сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ нафткаши мазкур пас аз тавқиф ба соҳил ҳидоят ва барои сайри мароҳили қонунӣ ва барррасиҳои лозим таҳвили Созмони бандарҳо ва дарёнавардии устони Ҳурмузгон шуд.

Нерӯи дарёии сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе низ як фарванди киштии хориҷии ҳомили нафти қочоқро дар Халиҷи Форс бо ҳукми қазоӣ тавқиф карда буд.

Ин иқдоми нерӯи дарёии сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар чорчуби масулият ва вазифаи ин нерӯ дар ҳаросат аз манофеи миллӣ,барқарории амният ва мубориза бо қочоқи дарёӣ анҷом шуд.

Дар чорчуби қонуни дарёнавардӣ аз ҷумла конвенсиюни ҳуқуқи дарёҳо дар соли 1982, як киштии низомӣ метавонад дар дарёи озод барои иҷроии қоидаҳои ҳуқуқи байналмиллал дар мавоқеъе,ки як киштии ( ғайри низомӣ ва ғайри давлатӣ ) муқарароти байналмиллалии дарёиро риоят накунад онро мутавақиф ва мавриди бозррасӣ қарор диҳад.

 

Барчасп