Июл 20, 2019 20:47 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ҳадафи тавқифи нафткаши англисӣ - барқарории қонунҳои дарёнавардӣ аст

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, бар хилофи дуздии дарёӣ дар тангаи Ҷабалутториқ, иқдоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тавқифи киштии нафткаши Англия дар халиҷи Форс, барои барқарории қонунҳои байналмилалии дарёнавардӣ аст.

Ба гузориши радиёи “Садои Хуросон”, ба нақл аз пайгоҳи иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер бо таъкид бар ин ки Эрон амнияти халиҷи Форс ва тангаи Ҳумузро тазмин мекунад, афзуд, Англия бояд аз ҳамроҳии Амрико дар терроризми иқтисодӣ даст бардорад.

Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи гузашта (ҷумъа) бино ба дархости Созмони банодир ва умури киштиронии устони Ҳурмузгон, як нафткаши англисӣ бо номи “Стена имперо”-ро ба далели ҳодисаофаринӣ, хомӯш кардани сомонаи мавқеиятёб ва дафъи пасмонди нафтӣ тавқиф кард.

Ин иқдом дар ҳоле сурат гирифт, ки Нерӯи дарёии Англия 4 -уми июл киштии ҳомили нафти Эронро дар тангаи Ҷабалутториқ ба баҳонаи риоят накардани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо зидди Сурия тавқиф ва рӯзи гузашта ин тавқифро як моҳи дигар тамдид кард.

 

Барчасп