Август 03, 2019 12:12 Asia/Dushanbe
  • Зариф; ифтихор мекунам,ки ба хотири мардуми Эрон таҳрим шудаам

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт; ифтихор мекунам,ки ба хотири мардуми Эрон ва дифоъ аз ҳаққи онҳо аз сӯи Амрико таҳрим шудаам.

Вазорати хазонадории Амрико дар  идомаи эътиёди давлати ин кишвар ба таҳрим, бомдоди панҷшанбе ( ба вақти Теҳрон ) номи вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эронро дар феҳристи афроди таҳримшудаи худ қарор дод.

Ин иқдоми Вашингтон бо интиқоди густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ рӯ ба рӯ шудааст. Илова бар теъдоди зиёде аз намояндагони  конгираи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе бо судури баёнияе аз иниқдоми Вашингтон ибрози таасуф кард.

Амрико баъд аз хуруҷ аз БАРҶОМ корзори ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико,дар санаи 8 моҳи май 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳудоти Вашингтон зели БАРҶОМро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ рӯ ба рӯ шудааст.