Август 05, 2019 13:07 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Эрон дар мусобиқаҳои байналмиллалии низомӣ дар Маскав

Беш аз сад низомии моҳири Эрон аз артиши сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ ва пулис вориди Маскав шуданд то бо ширкат дар мусобиқаҳои байналмиллалии низомӣ, аз шанбеи оянда тавонмандиҳои размии худро дар майдонҳои шабиясозишуда ба саҳнаи набард ба намоиш бигузоранд.

Ба нақл аз ИРНА, Вазорати дифои Русия эълом кардааст,ки ҳудуди 200 тим аз беш аз 30 кишвари ҷаҳон дар панҷумин мусобиқаҳои байналмиллалии низомӣ ширкат мекунанд.

Дар мусобиқаҳои байналмиллалии низомии Русия,ки то 17 моҳи август идома  дорад, рақобат байни танкҳо, тупҳо, хадамаи тупхона ва дигар ҳавзаҳое аст,ки муҳимоти воқеӣ дар он ба кор бурда мешавад  низомиён тавонмандӣ ва сурати амали худро дар анҷоми амалиёти низомӣ дар муҳити воқеӣ ба намоиш мегузоранд.

86 афсари нерӯи заминӣ ва дарёии артиш, 22 размандаи тими танки сипоҳ ва 14 нерӯи пулиси Эрон дар ин мусобиқаҳо ширкат кардаанд.

Мусобиқаҳои имсол ҳамзамон дар хоки 10 кишвар Эрон, Русия, Арманистон, Беларусия, Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Муғулистон,Узбакистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мешавад ва Эрон низ қарор аст дар ду риштаи ғавосӣ дар умқ дар ҷазираи Киш ва мусобиқаи гашти ҷодаӣ дар Теҳрон мизбони ин мусобиқаҳо бошад.

Барчасп