Зариф: Пешниҳоди мулоқот бо Трампро напазируфтам ва таҳрим шудам
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба сафари моҳи гузаштаи худ ба Ню-Йорк гуфт: “Дар ин сафар ба ман гуфта шуд, ки зарфи ду ҳафта таҳрим хоҳам шуд, магар ин ки пешниҳоди мулоқот бо раисҷумҳури Амрикоро бипазирам”.
Муҳаммадҷаводи Зариф дар нишасти хабарӣ бо баёни ин ки амрикоиҳо бо вуҷуди иддаои озодии баён ба он эътиқоде надоранд, афзуд: “Музокира ва дипломатия ҳеҷ гоҳ поён намепазирад ва ба фаъолиятҳои худ идома хоҳам дод”.
Зариф ҳамчунин бо таъкид бар ин ки давраи гуфтумони султа, абарқудратӣ ва зӯргӯӣ тамом шудааст, изҳор дошт, Амрико ҳатто дар ҳавзаҳое, ки барои дигарон нақши абарқудратӣ дорад, наметавонад эҷоди эътилоф кунад ва кишварҳо яке пас аз дигаре хиҷолат мекашанд, ки исмашон дар як феҳрист дар канори Амрико бошад.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки мардуми бегуноҳи Амрико гирифтори фарҳанги ҳафттиркашӣ, қулдурӣ, зӯрмадорӣ ва хушунат шудаанд, изҳор дошт, фарҳанге, ки аз ҷанг ба унвони як гузинаи рӯйи миз сӯҳбат мекунад, муваффақ нест ва Амрико агар даст аз қонуншиканӣ бардорад, ҳамаи мушкилот ҳал мешавад.
Зариф ҳамчунин бо ишора ба хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бадаҳдии аврупоиҳо дар иҷрои тааҳҳудоташон гуфт, Эрон дар чорчӯби БарҶом гоми севумро бармедорад ва ин иқдом ба маънои хуруҷ аз БарҶом нест.
Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон ба таҳаввулоти минтақа низ ишора кард ва бо таъкид бар лузуми густариши Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ва гуфтугӯ байни Эрон, Ироқ ва се узви ин шӯро, эҷоди маҷмаи гуфтугӯи минтақаӣ ва имзои паймони таарруз накардан ба якдигарро зарурӣ баршумурд.
Зариф гуфтугӯро ба нафъи Арабистон, Иморот ва ҳамаи кишварҳои минтақа донист ва бар лузуми оғози гуфтугӯ таъкид кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба буҳрони Яман таъкид кард, роҳи ҳалли мушкили Яман гуфтугӯ ва музокира аст.
Зариф дар хусуси музокироти сулҳи Афғонистон низ изҳор дошт, ҳар роҳкоре бояд бо ҳузури давлати Афғонистон бошад ва Эрон мухолифи роҳкоре аст, ки аз хориҷ бихоҳад бар Афғонистон таҳмил шавад.