Август 10, 2019 14:07 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти амният дар марзҳо, роҳбурди Эрон барои муқобила бо таҳдидҳо

Таҳдидҳо ва воқеиятҳои пеши руи минтақаи ғарби Осиё иқтизо мекунад, ки амнияти марзҳои Эрон беш аз пеш тақвият шавад.

Сардор сарлашкар Ҳусейни Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар ҷамъи фармондеҳони нерӯи заминии ин сипоҳ дар Кирмоншоҳ, ғарби Эрон бо баёни ин нукта бар омодагии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои муқобила бо анвои таҳдидҳои душманон таъкид кард.

Тақвияти амният дар марзҳои ҷуғрофиёӣ, яке аз аносури аслии ташкилдиҳандаи амнияти дарунӣ ва минтақаӣ аст. Зеро ҳаргуна иқдоми таҳрикомез ва бархилофи амнияти ҷамъӣ дар минтақа метавонад сарманшаи иттифоқоти бузург ва кучак бошанд.

Дар вазъияти кунунӣ яке аз бузургтарин таҳдидоти минтақаӣ ҳузури мудохилаҷӯёна ва буҳронсозии Амрико ва Исроил дар минтақа аст. Амрико бо тадовуми ҳузури худ дар минтақа ва исрор бар ташкили эътилофҳои низомии мухарриб дар садади эҷоди фазое буҳронӣ ва ноамн ва танишзо дар минтақа аст.

Лизо бо таваҷҷуҳ ба дигаргуниҳои амиқ ва ҷорӣ дар минтақаи ҳассоси халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмуз, ва низ бо нигоҳ ба таҳаввулоти чанд даҳаи ахир ва вуқуъи ҷангҳои вайронгар дар минтақа, ки бо нақши мустақими Амрико будааст, бояд ба ҷанбаҳои мухталифи таъсиргузор дар амнияти марзҳо таваҷҷуҳ ва нибаст ба онҳо тасмимгирӣ ва амал шавад.

Изҳороти дирӯзи сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба эҳтимоли ҳузури режими саҳюнистӣ дар эътилофи худхондаи низомии Амрико дар халиҷи Форс баёнгари ҳамин нуктааст.

Саидаббоси Мусавӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба интишори ахборе мабнӣ бар эъломи омодагии режими саҳюнистӣ барои ҳузур дар эътилофи низомии Амрико ба манзури ба истилоҳ таъмини амнияти киштиронӣ дар халиҷи Форс ин ҳузурро таҳдиде ошкор алайҳи амнияти миллии Эрон донист ва гуфт, муқобила бо таҳдиди ҳузури саҳюнистҳо дар халиҷи Форс ҳаққи Эрон аст.

Мусавӣ бо баёни ин ки ташкили эътлофи низомии Амрико дар халиҷи Форс  танишофарин ва фиребкорона аст тасреҳ кард, Эрон мухолифати худро бо шаклгирии ингуна эътилофҳо эълом мекунад ва баргузоркунандагон, шаклдиҳандагон ва аъзои онро ба унвони омилини муассир дар эҷоди таниш ва буҳрони эҳтимолии оянда бархоста аз он дар минтақа арзёбӣ хоҳад кард ва масъулияти кулияи авоқиби ин иқдоми хатарнок бар уҳдаи режими Амрико ва режими номашруи саҳюнистӣ хоҳад буд.

Стратегии Амрико дар минтақа дар баробари Эрон мубтанӣ бар ноамн кардани муҳити пайромунӣ ва марзҳои Эрон ва ҳазфи Эрон аз муомилот дар минтақааст. Ин стратегӣ барои мавқеияти мутазалзили Исроил аҳамияте роҳбурдӣ дорад.

Носир Қандил нависанда ва таҳлилгари сиёсии лубнонӣ бо ишора ба таҳдидҳои Амрико алайҳи Эрон ва бозигарии Исроил дар минтақа ба ин нукта ишора мекунад, ки Исроил дар як буҳрони сиёсӣ ба сар мебарад, ки ҳосили шикастҳои пай да пай ва аз байни рафтани убуҳат ва қудрати он аст.

Қандил тасриҳ мекунад, мушкили Исроил ин аст, ки аз оғози ҳар ҷанге  оҷиз монда ва дар ин миён қудрати Муқовимат бештар ва бештар мешавад ва масъалаи нобудии режими саҳюнистӣ дигар як умеди беасос нест, балки як масири комил аст, ки заминаи муносиби он фароҳам шуда ва ҳақиқат ин аст, ки Исроил дар саршебии суқут қарор гирифтааст.

Бадиҳӣ аст Эрон ба унвони яке аз кишварҳои минтақаи халиҷи Форс бо таваҷҷуҳ ба доштани 1500 майл соҳил дар ин минтақа ва бар асоси масъулияти таърихӣ, халиҷи Форсро идомаи қаламрави сарзаминии худ дониста ва худро мутааҳид ба таъмини амнияти он ва амнияти рафту омади киштиҳо дар ин минтақа медонад. Дар воқеъ амният дар марзҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ дар гирави доштани марзҳои мутмаин ва контролшудааст. Аз ин дидгоҳ ҳузури нерӯҳои фароминтақаӣ дар халиҷи Форс таҳти ҳар ном ва унвоне,ки бошад на танҳо кумаке ба тақвияти амният дар ин минтақа намекунад, балки заминаи таниш ва буҳронро дар минтақаи ҳассоси халиҷи Форс беш аз пеш фароҳам мекунад.