Иди Қурбон, иди эмон ва растгорӣ + видео
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45811-Иди_Қурбон_иди_эмон_ва_растгорӣ_видео
Иди Қурбон, иди исор ва бандагии холисона, иди эмон ва имтиҳон ва иди шикасти шайтон аст ва имрӯз бояд дар масири растгорӣ ва фармон бурдан аз ҳазрати дуст ба қурбонгоҳ рафт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 11, 2019 10:33 Asia/Dushanbe

Иди Қурбон, иди исор ва бандагии холисона, иди эмон ва имтиҳон ва иди шикасти шайтон аст ва имрӯз бояд дар масири растгорӣ ва фармон бурдан аз ҳазрати дуст ба қурбонгоҳ рафт.

Имрӯз ба қурбонгоҳ меравем монанди падарамон ҳазрати Иброҳим (а) бо паймонае лабрез аз шуру шуъур ва ихлос Аллоҳу Акбаргӯён ва фақат бо як ҳадаф: бандагии воқеӣ.

Имрӯз тамоми бутҳои дарун ва берунро ба пои маъбуди маҳбубамон қурбонӣ мекунем ва шайтонро бо салобат ба банди зиллат мекашонем.

Иди Қурбон аст ҷашни осмонӣ аст барои озодии тан ва руҳ аз зиллати шайтон ва пирӯзӣ дар озмуни илоҳӣ.