Дидори устондори Хуросони разавӣ аз радиои тоҷикии Садои Хуросон
(last modified Sun, 11 Aug 2019 05:56:08 GMT )
Август 11, 2019 10:56 Asia/Dushanbe
  • Дидори устондори Хуросони разавӣ аз радиои тоҷикии Садои Хуросон

Устондори Хуросони разавӣ субҳи имрӯз аз радиои тоҷикии Садои Хуросон дидан ва бо коркунони ин радио гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин дидор Алиризо Размҳусайнӣ бо бахшҳои мухталифи радиои тоҷикӣ ва наҳваи кори коркунони ин радиои бурунмарзӣ ошно шуд.

Image Caption

Устондори Хуросони разавӣ бо тақдими шохаҳои гул ба коркунони ин радио аёми гиромидошти мақоми хабарнигорро ба онон табрик гуфт ва барои тақвияти радиои тоҷикии Садои Хуросон қавли ҳамкорӣ дод.

Дар ин дидор мудири тоҷикии Садои Хуросон дар бораи фаолияти сайтҳои форсӣ ва сирилик ва пахши ин радио гуфт, ин радио тавонистааст мухотабони зиёдеро ҷалб кунад ва дар бахши фазои маҷозӣ низ беш аз панҷ ҳазор дунболкунанда  дорад.

Мухтори Фарзодӣ афзуд: радиои тоҷикии Садои Хуросон соли гузашта дар назарсанҷии анҷомшуда дар Тоҷикистон дар байни радиоҳои хориҷии ин кишвар рутбаи нахуст ва дар маҷмуи радиоҳои Тоҷикистон рутбаи дуввумро касб кард.