Барқарории парвозҳои “Тоҷик эйр” ба Эрон
(last modified Tue, 13 Aug 2019 11:09:49 GMT )
Август 13, 2019 16:09 Asia/Dushanbe
  • Барқарории парвозҳои “Тоҷик эйр” ба Эрон

Парвозҳои “Тоҷик эйр” ба Эрон дар масири Машҳад – Душанбе барқарор шуд.

Мудири кулли фурудгоҳи Хуросони Разавӣ гуфт, барномаи парвози муназзами мусофирӣ миёни Машҳаду Душанбе бо ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик эйр” оғоз шуд. Муҳаммадбоқири Қосимзода афзуд, ин парвозҳо рӯзҳои сешанбе ва ҷумъаи ҳар ҳафта бо истифода аз ҳавопаймои “Боинг-767” дар масири рафту баргашти Машҳад – Душанбе анҷом мешавад. Вай гуфт, дар моҳи июни имсол парвозҳои Машҳад – Душанбе аз тариқи ширкати ҳавопаймои “Вориш" низ барқарор шуда буд.

Пеш аз ин ду ширкатҳои ҳавопаймоии “Осмон” ва “Тоҷик эйр” дар масири рафту баргашти Машҳад – Душанбе ва ҳамчунин Теҳрон – Душанбе барномаи парвози мусофирбарӣ доштанд, ки аз порсол мутаваққиф шуда буд ва мусофироне, ки қасди рафтуомад байни Эрону Тоҷикистонро доштанд, аз масири ғайримустақим, аз тариқи кишварҳои солис сафар мекарданд, ки афзоиши ҳазина ва тӯлонӣ шудани замони сафарро дар пай дошт.

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳид Ҳошиминажоди Машҳад пас аз фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон дувумин фурудгоҳи пуррафтуомади Эрон аст, ки рӯзона 180 парвоз ба таври миёнгин дар ин фурудгоҳ анҷом мешавад. Фурудгоҳи байналмилалии Ҳошиминажоди Машҳад дар замони авҷи мусофиратҳо рӯзона то 250 парвози вурудӣ ва хурӯҷи дорад.