Август 15, 2019 19:06 Asia/Dushanbe
  • Оғози интиқоли ҳоҷиёни эронӣ аз Макка ба Мадина

Раиси ситоди ҳаҷ ва зиёрати Эрон мустақар дар Маккаи мукаррама аз оғози амалиёти интиқоли 2 ҳазор ва 227 нафар аз ҳоҷиёни эронӣ аз Маккаи мукаррама ба шаҳри муқаддаси Мадинаи мунавара дар қолаби марҳалаи аввал хабар дод.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбе ИРНА, Акбари Ризоӣ раиси Ситоди ҳаҷ ва зиёрати Эрон дар Маккаи мукаррама дар бораи омори хуруҷи зоирони эронӣ аз Макка ба самти Мадина гуфт; бо таваҷуҳ ба эъзоми беш аз 2 ҳазор зоири эронӣ аз Макка ба Мадина дар марҳалаи аввал, дар ҳоли ҳозир 84 ҳазор ва 14 зоир то поёни имшаб ( панҷшанбе ) дар Маккаи мукаррама истиқрор доранд.

Бар асоси ин гузориш, аввалин парвози бозгашти ҳоҷиёни эронӣ ба Теҳрон низ субҳи ҷумъа ( фардо ) анҷом хоҳад шуд ва парвозҳои бозгашти ҳоҷиён то 8 сентиябр идома хоҳад ёфт.

Беш аз ду миллион ва чорсад ҳазор зоир аз кишварҳои исломӣ, имсол барои маносики ҳаҷ,озими сарзамини ваҳӣ шудаанд.

Барчасп