Сентябр 22, 2016 13:04 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Тамомияти арзӣ ва ҳокимият ҳаққи мардуми Сурия аст

Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи NBC-и Амрико дар Ню-Йорк гуфтааст, ҳифзи марзҳои Сурия ва ҳокимият, раъйи миллати ин кишвар бисёр аҳамият дорад ва тавофуқи ҳастаӣ ҳам чизе нест, ки номзадҳои риёсатҷумҳурии Амрико битавонанд дар он халале ворид кунанд.

Оқои Рӯҳонӣ дар гуфтугӯ бо ин шабакаи амрикоӣ таъкид кард, "он чӣ бисёр аҳамият дорад, ин аст, ки дарк кунем, Сурия роҳҳалли низомӣ надорад ва мушкили Сурия қатъан бояд аз масирҳои сиёсӣ ҳал шавад; фақат сиёсӣ".

Раисҷумҳури Эрон дар бораи сарнавишти Сурия таъкид кард, ки тамомияти арзии ин кишвар бояд ҳифз шавад ва сарнавишти раҳбари сиёсиро низ бояд бо муроҷиа ба орои мардум таъйин кард. Рӯҳонӣ гуфт, сандуқҳои раъй ва ҳокимияти мардуми Сурия ва иродаи миллат бояд танҳо омили таъйинкунанда дар ояндаи Сурия бошад. Ӯ дархости Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрикоро, ки рӯзи чаҳоршанбе аз Сурия ва Русия хоста буд, ҳар гуна парвоз дар манотиқи шимоли Сурияро мутаваққиф кунанд, рад карда гуфт, ин кор ба суди ДИИШ ва "Ҷабҳат-ун-нусра" тамом хоҳад шуд. Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ бо ишора ба ин ду гурӯҳи террористӣ гуфт, "бояд онҳоро зери фишор нигоҳ дошт. Агар қарор бошад, парвозҳоро мутаваққиф кунем, ин кор сад дарсад ба суди онҳо хоҳад буд".

Рӯҳонӣ бо интиқод аз амалкарди Амрико дар Сурия гуфт, ҷангандаҳои амрикоӣ рӯзи шанбе таъсисоти Ҳукумати Сурияро бомбаборон карданд ва онро "як иштибоҳ" хонданд, дар ҳоле ки ин иқдом ба кушта шудани даҳҳо тан аз нерӯҳои давлатӣ мунҷар шуд.

Доктор Рӯҳонӣ дар бахши дигаре аз гуфтугӯи худ бо шабакаи NBC аз амалкарди Вазорати молияи Амрико интиқод карда гуфт, ин вазорат муомилаи бонку муассисаҳои молиро бо Эрон душвор кардааст. Раисҷумҳури Эрон дар бораи тавофуқи ҳастаӣ низ гуфт, Теҳрон ҳатто пас аз поёни давраи ҳаштсолаи назоратҳои қайдшуда дар тавофуқ низ қасд надорад, силоҳи атомӣ бисозад.

Доналд Трамп, номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико тавофуқ бо Эронро ваҳшатнок хонда гуфтааст, барои тавофуқи беҳтар музокира хоҳад кард ва Ҳиллари Клинтон, рақиби Трамп дар интихобот низ гуфтааст, ки мавзеи ӯ дар қиболи тавофуқи ҳастаӣ беэътимодӣ ва ростозмоии тааҳҳудоти Эрон хоҳад буд. Доктор Рӯҳонӣ дар вокуниш ба ин ду изҳори назар гуфт, ҳеҷ кишвар ё раисҷумҳур ба танҳоӣ наметавонд тавофуқро зери суол барад. Дар ин тавофуқ чандин кишвару Созмони Милал дахил будаанд ва Созмони Байналамилалии Энержии Атомӣ (IAEA) бар он назорат хоҳад кард.

 

 

Барчасп