Август 18, 2019 13:10 Asia/Dushanbe
  • Дастовардҳои нишасти сеҷонибаи Теҳрон барои ҳалли буҳрони Яман

Теҳрон рӯзи шанбе мизбони нишасти чандҷониба дар хусуси ҳаллу фасли сиёсии буҳрони Яман буд.

Нишасти Теҳрон бо ҳузури намояндагиҳои чаҳор кишвари зирабти Иттиҳоди Аврупо, шомили Англия, Фаронса, Олмон ва Италия, ҳайате аз Вазорати умури хориҷии Эрон, Ҷунбиши “Ансоруллоҳ”-и Яман ва сафирони шуморе аз кишварҳо баргузор шуд. Ҳайатҳои ҳозир дар нишасти Теҳрон дидгоҳи давлатҳои матбӯи худро дар хусуси таҳаввулоти Яман дар мавзӯоти сиёсӣ, майдонӣ ва вазъияти инсонии Яман матраҳ ва бар лузуми таваққуфи ҳарчи сареътари ҷанг ва ироаи роҳкори сиёсӣ барои ҳалли буҳрони Яман таъкид карданд. Ҳайате аз Ҷунбиши “Ансоруллоҳ”-и Яман ба раёсати Муҳаммад Абдусалом, сухангӯи ин ҷунбиш ба ҳамин манзур ба Теҳрон сафар кардааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор, захми шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст. Акнун ду масъалаи муҳим дар нигоҳ ба ҷанги Яман қобили баҳс аст, ки бояд нисбат ба ҳарду масъала ҳассосу масъулиятпазир буд. Масъалаи нахуст вазъияти таассуфбори мардуми Яман аст, ки қурбони ҳамалоти Арабистон ва Аморот ба Яман шудаанд. Тибқи гузоришҳои мунташиршуда, 20 вилоят аз 22 вилояти Яман дар вазъияти буҳронӣ ба сар мебаранд ва аз се ду ҳиссаи ҷамъияти Яман бо хатари гуруснагӣ мувоҷеҳанду ниёзи фаврӣ ба кумакҳои башардӯстона доранд. Масъалаи дувум пайгирии музокирот барои сулҳ дар Яман аст, ки ниёзманди талошҳои дипломатӣ ва чандҷониба бо ҳамкории Созмони Милал аст. Иҷлоси Теҳрон дар ростои ин ду масъалаи муҳим баргузор шуд.

Бархе нозирони сиёсӣ муътақиданд, тасмими Аморот барои ақибнишинӣ аз Яман дар сурати хурӯҷи комил аз ин кишвар метавонад ба як фурсат дар ҷиҳати поёни ҷанг табдил шавад, аммо ин роҳбурд дар шароите қобили таҳаққуқ аст, ки тавтеаҳо барои таҷзияи Яман мутаваққиф шавад. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб сешанбеи гузашта дар дидори ҳайати Ҷунбиши “Ансоруллоҳ”-и Яман дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки саудиҳо ва аморотиҳо ба дунболи таҷзияи Яман ҳастанд, хотирнишон карданд, бояд бо қудрат дар муқобили ин тавтеа истод ва аз ямани якпорча, муттаҳид ва бо тамомияти арзӣ ҳимоят кард.

Мардуми Яман бо муҷоҳидату истодагии “Ансоруллоҳ” ва артиш то кунун монеъ аз таҳаққуқи аҳдофи Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш дар Яман шудаанд. Акнун ба рағми ҳимоятҳои таслиҳотӣ ва сиёсии Ғарб аз Арабистон дар ин ҷанг набардҳои майдонӣ нишон додааст, ки нерӯҳои низомии арабистонӣ ва аморотӣ кайфияти низомии поине доранд. Аммо дар муқобил пирӯзиҳои артишу нерӯҳои муқовимати Яман ва посухҳои кӯбандаи мушакӣ ва паҳподӣ дар умқи хоки Арабистон ба ҳеҷ ваҷҳ дар ростои манофеи Амрико ва муттаҳидони минтақаияш нест. Аз дидгоҳи Муассисаи мутолиоту таҳқиқоти байналмилалии “Аброри муосир”-и Теҳрон, ин таҳаввулот заминаи тағйири мувозинаи сиёсиро низ ба нафъи “Ансоруллоҳ” фароҳам оварда ва маҷмӯаи ин тағйирот мӯҷиби нигаронии Амрико ва Арабистони Саудӣ шудааст. Таҷрибаи чаҳорсолаи буҳрони Яман нишон медиҳад, ки Арабистони Саудӣ ва муттаҳидони ғарбияш, бавижа Амрико ба дунболи касби манофеи ҳаддиаксарӣ будаанд, аммо натиҷаи он ба шикастҳои мукаррари низомӣ ва бунбаст дар равандҳои сиёсӣ мунҷар шудааст.

Акнун беш аз як сол аст, ки дар хусуси масоили Яман гуфтугӯҳои миёни Италия, Фаронса, Олмон, Англия ва Эрон дар ҷараён аст. Теҳрон борҳо хостори таваққуфи ин ҷанги таҷовузкорона шудааст. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои кумак ба сулҳ ҳамчунон ба талошҳои худ барои рафъи муҳосираи Яман ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар идома хоҳад дод. Дар нишасти Теҳрон низ бар ҳимояти Эрон аз роҳҳали сиёсӣ барои буҳрони Яман таъкид ва тасреҳ шуд, ки Эрон аз тавофуқи Стокҳолм ҳимоят мекунад.