Август 19, 2019 11:26 Asia/Dushanbe
  • Бонуи Руминияӣ дар ҳарами имом Ризо (а) мусалмон шуд

Дар остонаи иди Ғадири Хум бонуи ҷавони аҳли кишвари Руминия бо ҳузур дар ҳарами муттаҳари имом Ризо (а) ба дини ислом мушараф шуд.

Ба нақла з ИРНА, ин бонуи ҷавон,ки Анҷило ном дорад дар дафтари мудирияти зоирони ғайри эронии остони Қудси Разавӣ ҳозир ва бо адои шаҳодатайн мусалмон шуд.

 Ин бонуи тозамусалмон гуфт; барои севвумин бор аст,ки ба ҳарами муттаҳари Разавӣ мушараф мешавам ва иллати мусалмон шудани худро мутолиъа дар бораи ислом ва Қурони карим ва расидан ба ҳақонияти ин дин медонам.

Вай афзуд; аз се сол пеш,ки ба ҳарами муттаҳари имом Ризо (а) мушараф шудам ҳолу ҳавои аҷибе дар худ эҳсос мекардам ва он сафар ҳоли манро дигаргун кард ва баҳонае шуд то дар мавриди ислом ба мутолиъа бипардозам ва Қуронро марҷаъи таҳқиқоти худ қарор диҳам,бинобар ин ибтидо Қуронро бо тарҷума ва баъд аз фарогирии забони арабӣ, матни каломи Иллоҳиро ба арабӣ қироат мекардам ва ҷудои аз маъонии пурмуҳтаво, шефтаи калимот ва оҳанги зебои он шудам.

Ин бонуи тозамусалмон идома дод; баъд аз издивоҷ бо иҷозаи ҳамсарам ҳамчунон барои ин интихоби собит қадам мондам ва чун ҳарами ҳазрати Ризо (а) оғозгари ин масири нав буд тасмим гирифтам дар ин макони муқадас ба таври расмӣ дини исломро бипазирам.

Анҷило афзуд; аз ин,ки имрӯз Худованд дарҳои раҳматашро ба рӯи ман кушода ва манро бо дини пок ва асиле ошно кардааст то роҳи дурусти  зистанро интихоб кунам бисёр хушҳол ҳастам.

Дар ин маросим пас аз мушовираи коршиносон бо ин бонуи тозамусалмон,аз сӯи Остони Қудси Разавӣ ҳадияҳои маънавие ҳамчун Қурон ба забони англисӣ ва чандин ҷилд китоб бо мавзуъи ислом ба Ӯ ҳадия шуд.