Август 19, 2019 13:42 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар омодагии нерӯҳои баҳрии Эрон барои муқобила бо тавтеаҳои душманон

Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо эъломи омодагии нерӯҳои дарёии Эрон барои муқобила бо тавтеаҳои душманон гуфт, душман медонад бо вуҷуди инки новгони дарёии худро садҳо мойл дуртар аз марзҳои обии Эрон нигаҳ доштаа0ст, агар бихоҳад ба манофеъ ва тамомияти арзии Эрон зарба бизанад имкони фирор барояш вуҷуд надорад.

Амир дарёдор Ҳусейни Хонзодӣ рӯзи якшанбе бо баёни ин нукта тасреҳ кард, расади таҳаррукоти душман дар обҳои таҳти ҳокимияти Эрон 24 соата барқарор аст ва тими густардае  иттилооти мушакҳо, новгони душман ва ҷанги электроник ва сомонаҳои расад онҳоро ба шакли занҷираӣ ва комил расад мекунад.

Ҳузури Амрико дар минтақа ҳамвора дар ростои эҷоди бесуботӣ дар минтақа будааст. Эътилофсозиҳои низомии дарёии Амрико дар халиҷи Форс низ аз ин қоида мустасно нест.

Саволе, ки матраҳ мешавад ин аст, ки Амрико ва кишварҳое, ки мутааллиқ ба ин минтақа нестанд чаро ва бо чи аҳдофе исрор бар мудохила дар масоили минтақаро доранд?

Ончи мусаллам аст ҳузури бегонагон дар минтақа ва амниятикардани муҳити тиҷорати дарёии халиҷи Форс ба навъе заминасозӣ барои фуруши миллиардҳо доллар силоҳ ба кишварҳои арабии минтақа будааст. Аз сӯе Амрико ба дунболи контрол бар ҷараёни озоди энержӣ дар минтақааст.

Ҳудуди ду севвуми захоири собитшудаи нафти дунё ва як чаҳорум аз захоири гази табиии ҷаҳон дар ин минтақа наҳуфтааст.

Нафт пояи равобити иқтисодӣ дар минтақа ва низ пояи кулияи равобити иқтисодии кишварҳои минтақа бо ҷаҳон аст.

Саъдуллоҳ Зориӣ таҳлилгари баландпояи масоили минтақа дар таҳлили ин мавзӯъ мегуяд, фалсафае, ки барои ҳузури низомии Амрико дар халиҷи Форс дар назар гирифта шуда барои пешгирӣ аз иттиҳоди кишварҳои соҳилӣ ва рахна дар равандҳои амниятӣ миёни кишварҳои минтақааст. Ин мавзӯъ таҳдиди муштараки амниятӣ барои кулли кишварҳои минтақааст.

Иқдомоти таҳрикомези низомии Амрико дар минтақа натиҷааш ноамн шудани минтақааст. Ин дар шароитест, ки кишварҳои ҷанубии халиҷи Форс ва дарёи Уммон ба ҳамроҳи Эрон метавонанд амнияти халиҷи Форсро таъмин ва масоилро дар таомули мусбати дарунминтақаӣ ҳаллу фасл кунанд. Ҷумҳурии исломии Эрон бар ҳамин асос ҳамсоягони худро даъват ба ҳамкории ҷамъӣ ва мушорикат дар таъмини амнияти минтақа кардааст. Эрон пешниҳоди ташкили маҷмаи гуфтугӯҳои минтақаӣ ва пешниҳоди паймони адами таъаррузро ба кишварҳои минтақа ироа кардааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳамин хусус пас аз дидори рӯзи якшанбеи худ бо мақомоти Кувейт дар бораи пешниҳоди Эрон мабнӣ бар гуфтугӯ байни кишварҳои минтақа дар бораи паймони адами таҷовуз табодули назар шуд.

Дар ин нукта шубҳае нест. ки кишварҳои минтақа ва кишварҳое, ки манофеи тиҷории онҳо ба ҳавзаи халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмуз вобастааст ҳама ба субот ва амнияти киштиронӣ ниёз доранд ва ин ба маънои доштани як ҳадафи муштарак аст, лизо субот ва тазмини манофеъ бояд барои ҳама бошад. Ба ҳамин далел Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳифзи амнияти худ ва минтақа ҳаргиз дучори тардид нахоҳад шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин замина гуфтааст, мо омодаи ҳифзи субот барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҳамчунин онҳое ҳастем, ки ба минтақаи мо вобаста ҳастанд.

Ин мавзӯъ дар сафари аврупоии Муҳаммадҷаводи Зариф низ дар дастури кори музокирот аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон, ки шомгоҳи якшанбе дар нахустин марҳила аз сафар ба се кишвари аврупоии Финляндия, Шветсия ва Норвегия дар садри ҳайате сиёсӣ вориди Хелсинки пойтахти Финляндия шуд ва дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, Финляндия аз гузашта тарҳе барои гуфтугӯ дар хусуси халиҷи Форс дошта, ки тақрибан мушобеҳи тарҳи маҷмаи гуфтугӯҳои минтақаӣ аст, ки аз сӯи Эрон матраҳ шудааст.

Таҷриба нишон медиҳад ҳаргуна бесуботӣ дар минтақа ҳам ба зиёни Эрон ва ҳам ба зиёни кишварҳои минтақааст.

Ин дидгоҳҳо нишон медиҳад, мантиқи Эрон дар хусуси амният дар минтақа таъкид бар ҳамгароӣ, таомули ҷамъӣ ва истифода аз зарфиятҳои дарунминтақаӣ аст.