Август 24, 2019 17:07 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Мардуми Эрон дар баробари тавтеаҳои бегонагон истодаанд + видео

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба тавтеаҳои душманон барои зарба задан ба инқилоби исломӣ таъкид кард, мардуми Эрон муқовим ва устувор дар баробари тавтеаҳои бегонагон истодагӣ кардаанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар марқади бунёнгузори кабири инқилоби исломӣ, дар ҷануби Теҳрон, бо гиромидошти ёди имоми роҳил ва Ҳафтаи Давлат афзуд, беш аз 40 сол аз пайравии инқилоби исломӣ мегузарад ва низоми ҷумҳурии исломӣ бо истодагӣ ва муқовимат, Эроне боқудратро дар минтақаи ҳассоси Ховари Миёна ба намоиш гузоштааст.

Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки ваҳдат, талош ва истодагии ҳамаи масъулин ва мардуми Эрон боз ҳам душманро маъюс мекунад, гуфт, тавтеаи душманон рӯзе ба поён мерасад, ки аз зарба задан ба низоми исломӣ маъюс шаванд, бинобарин ҳадафи бузурги Эрон - маъюс кардани душманон аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки Теҳрон ҳамаи тавони худро барои эҷоди равобити муносиб бо ҷаҳон ба кор гирифтааст, гуфт, давлати тозакори Амрико боис шуд, ки заҳмати фаровоне барои мардуми Эрон, минтақа ва ҳатто мардуми худаш эҷод шавад.

Муҳаммадалии Раҷоӣ, раисҷумҳурӣ ва Муҳаммадҷаводи Боҳунар, нахуствазири Эрон соли 1981 дар инфиҷори террористии дафтари нахуствазирӣ ба дасти афроди гурӯҳаки террористии “Мунофиқин” ба шаҳодат расиданд.

Барои гиромидошти ёду хотираи ин шаҳидон 24 то 30 август (ҳафтаи аввали шаҳривар) ба унвони Ҳафтаи Давлат номгузорӣ шудааст.

 

Барчасп