Руҳонӣ: Эрон ба дунболи таниш бо ҷаҳон нест
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i46223-Руҳонӣ_Эрон_ба_дунболи_таниш_бо_ҷаҳон_нест
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки Теҳрон ба дунболи таниш бо ҷаҳон нест таъкид кард, Эрон хоҳони амнияти минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин ҳамкорӣ бо кишварҳои дуст аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 27, 2019 09:31 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Эрон ба дунболи таниш бо ҷаҳон нест

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки Теҳрон ба дунболи таниш бо ҷаҳон нест таъкид кард, Эрон хоҳони амнияти минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин ҳамкорӣ бо кишварҳои дуст аст.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи сешанбе дар маросими оғози амалиёти иҷроии сохти 110 ҳазор воҳиди маскунӣ дар Теҳрон бо баёни ин ки кишваре наметавонад Эронро шикаст диҳад афзуд, онҳое, ки интихоб кардаанд бозгарданд, ва бо эҳтиром ва такрим ҳуқуқи миллати Эронро ба расмият бишиносанд.

Руҳонӣ таъкид кард, бидуни даст бардоштан аз таҳрим ва равобити хасмона таҳаввуле дар равобити Эрон ва Амрико эҷод намешавад. Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин бо ишора ба иддаои амрикоиҳо мабнӣ бар ин ки Эрон ба дунболи сохтани силоҳи атомӣ аст тасреҳ кард, Эрон ба дунболи сохти силоҳи атомӣ нест, зеро ирода ва Доктринаи низомии Эрон бар пояи силоҳҳои мутаориф будааст. Руҳонӣ таъкид кард, ин сиёсати Эрон ба далели тарс аз душманон нест, балки ба далели эътиқод, ахлоқиёт ва фатвои раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ аст. Раиси ҷумҳури Эрон ба тадовуми музокираҳои Теҳрон бо тарафҳои боқимонда дар БАРҶОМ низ ишора кард ва гуфт, агар тарафҳои боқимонда дар БАРҶОМ ба тааҳудоти худ баргардаанд Эрон ҳам тааҳудоти худро дар БАРҶОМ иҷро мекунад.