Август 31, 2019 13:27 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба ҳамон андозаи дигар аъзои БАРҶОМ ба тавофуқ пойбанд хоҳад монд.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон мегуяд, Эрон ба ҳар андоза, ки Аврупо ба тавофуқи ҳастаӣ пойбанд бошад ба ин тавофуқ пойбанд хоҳад монд.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Барномо-и Малайзия, ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд бо таъкид бар ин мавзӯ афзуд, агар онҳо 1+4 барои пойбнадӣ ба тааҳудоташон ниёз ба таомул бо Амрико доранд масъалаест, ки ба онҳо марбут мешавад ва Эрон ҳеҷ нақше дар он надорад.

Вай хотирнишон кард, мо барои беш аз ду сол гуфтугӯҳои муфассале бо Амрико доштем ва ба натиҷа расидем... ки (ин натиҷа) 159 саҳифа буд...... (БАРҶОМ) як тавофуқи ҷиддӣ аст, ки шомили тамомии ҷанбаҳои мавзӯи ҳастаӣ ва ҳамчунин тамомии ҷанбаҳои таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон мешавад.

Зариф тасреҳ кардааст ба рағми пойбандии Эрон, Русия ва Чин ба БАРҶОМ пойбандии дигар тарафҳои ин тавофуқи ҳастаӣ (Англия, Фаронса, Олмон) қобили мушоҳида нест. Ба иборате дигар онҳо иродаи сиёсӣ барои пойбандӣ ба ин тавофуқи ҳастаӣ надоранд.

Ин дар ҳолест, ки шонздаҳумин гузориши мудири кулли муваққати Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар хусуси ростиозмоии иҷрои БАРҶОМ, рӯзи ҷумъа мунташир шуд ва ин бор низ монанди понзда гузориши пешин, пойбандии Эрон ба БАРҶОМ таъид шудааст.

Амрико як соли пеш ба рағми мухолифатҳои кишварҳои имзокунандаи БАРҶОМ ва пойбандии Эрон ба тааҳудоташ зейли БАРҶОМ ба сурати якҷониба аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шуд ва иҷроии фишор ба Теҳронро ба умеди водор кардани Эрон ба музокираи дубора  дар бораи як тавофуқи нав дар пеш гирифт, аммо дар расидан ба ин ҳадаф шикаст хурд.

Раиси дастгоҳи депломасии Эрон, хуруҷи Амрико аз БАРҶОМро ба воситаи далелҳои шахсии Трамп донист ва гуфтааст, вай (Трамп) мироси Обама (раиси ҷумҳури собиқи Амрико)-ро дуст надорад. Ӯ фақат ба воситаи далелҳои шахсӣ ва на ба далелҳои муҳим хостори хуруҷ аз тавофуқи ҳастаӣ аст.

Денрис Рос мушовири раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар ёддоште бо ишора ба сиёсати давлати феълии Амрико алайҳи Эрон менависад, воқеиятҳо бо тафаккуроти Трамп мабнӣ бар ин ки корзори фишори ҳаддиаксарӣ асаргузор буда ҷур дар намеоянд.

Рос дар ин ёддошт, ки дар рӯзномаи ВашингтонПост мунташир шуд ёдовар шудааст, таърих ба мо мегуяд Эрон наметавон бо таҳрим ба тағйири рафтор водор кард.

Тавақуъҳои зиёдахоҳона ва ғайри қобили баҳс монанди музокира ҳавли меҳвари тавони дифои мушакии Эрон аз мавориде аст, ки нишон медиҳад Амрико ва бархе тарафҳои аврупоӣ ҳамчунон ба дунболи гузинаҳои фаробарҷомӣ ҳастанд дар ҳоле, ки ин мавзӯъҳо бахше аз тавофуқ нест ва ҳеҷгуна иртиботе бо БАРҶОМ надорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар баёноте дар дидори ахири имомони ҷамоати ҷумъаи саросари кишвар бо ишора ба суханони сареҳи вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи 11 таҳууди барҷомии аврупоиҳо дар муқобили Эрон ва амал накардани онҳо ҳатто ба як тааҳуд гуфтанд, мо ба тааҳудоти худ дар БАРҶОМ ва ҳатто болотар аз он амал кардаем ва ҳоло, ки ба иллати рафтори онҳо шуруъ ба коҳиши иҷрои тааҳудотамон кардаем аврупоиҳо талабкорона ва бо пуруӣ мегуянд чаро ин корро мекунед.

Ишон таъкид карданд, раванди коҳиши иҷрои тааҳудоти Эрон қатъан идома хоҳад ёфт.

Акнун дар ҳоле, ки камтар аз як ҳафта ба муиди поёни фурсати 60 рӯзаи гоми севвуми коҳиши тааҳудоти барҷомии Эрон боқӣ монда изҳороти Зариф ба манзилаи таъкид бар амалгароии Эрон дар муқобили беамалии Аврупо дар тааҳудоти БАРҶОМ аст. Албатта Эрон боби музокира ва таомулоти чандҷонибаро набастааст. Вазири умури хориҷаи Эрон қарор аст дар идомаи ройзаниҳои аврупоӣ ва осиёии худ душанбеи ин ҳафта низ дар Маскав бо Сергей Лавров ҳамтои руси худ дар бораи охирин таҳаввулот ҳавли иҷрои БАРҶОМ гуфтугӯ кунад.

БАРҶОМ акнун ба маҳаке барои санҷиши эътибори Аврупо табдил шуда ва озмуни сахте пеши руи Аврупо қарор дорад, ки бояд байни ирода ва истиқлоли худ ва ё табаият аз якҷонибагароии Амрико якеро интихоб кунад.