Номаи Исмоил Ҳания ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Эрон пешрони қуввои ҳақ аст
(last modified 2019-09-01T15:09:28+00:00 )
Сентябр 01, 2019 20:09 Asia/Dushanbe
  • Номаи Исмоил Ҳания ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Эрон пешрони қуввои ҳақ аст

Исмоил Ҳания дар номае ба Раҳбари муаззами инқилоб: Муқовимат то пирӯзии ниҳоӣ таҷдиднопазир аст ва Эрон пешрони қуввои ҳақ аст.

Исмоил Ҳания, раиси Дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар номае ба ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, бо ибрози ташаккур ва қадрдонӣ аз ҳимояти сареҳи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз муқовимати Фаластин дар дидори ҳайъати эъзомии Ҳамос ва эъломи омодагии Эрон барои таҷҳизи муқовимат ба он чи барои анҷоми вазифа ба он ниёз дорад, таъкид кард:

Бори дигар руйкарди таҷдиднопазири худро барои ҳузур дар сангари муқовимати  пойдор дар канори ҳамаи қуввои ҳақ ва адолат ва озодагиву пешрони ҳамаи онҳо Ҷумҳурии исломии Эрон, то пирӯзии ниҳоӣ эълом мекунем.

Ҳания дар ин нома хитоб ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтааст: Худои бузургро сипосгузорам, ки вуҷуди шуморо ба мо арзонӣ дошт ва аз Ӯ металабам, ки неъматҳояшро бар шумо иноят фармуда ва балоҳояшро аз шумо дур бидорад ва шуморо аз ҳилаву макри душманони золим ва мустабид дар амон бидорад.

Барчасп