Рӯҳонӣ: Эрон гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худро бармедорад
Раиси ҷумҳурии Эрон бо баёни ин ки музокирот бо Аврупо ҳанӯз ба тавофуқи ниҳоӣ нарасидааст, гуфт, дар ҳамин чорчӯб Эрон гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худро бархоҳад дошт.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат раванди музокирот миёни Эрон бо тарафҳои БарҶомро рӯ ба пеш хонд ва афзуд, бо ин вуҷуд баид аст тавофуқи ниҳоӣ бо тарафҳои БарҶом то фардо (панҷшанбе) ҳосил шавад ва гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти Эрон тайи имрӯз ва фардо эълом мешавад.
Рӯҳонӣ сабри роҳбурдӣ ва иқдоми Эронро дар баробари хуруҷи Амрико аз БарҶом ҳушмандона хонд ва изҳор дошт, гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти Эрон фавқулода муҳим аст ва муҳимтарин гоме аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бармедорад ва бо дастуре, ки содир хоҳад шуд, Созмони энержии атомии Эрон барои расидан ба аҳдофаш шитоби фавқулодае мегирад.
Раиси ҷумҳурии Эрон афзуд, зимни ин ки Теҳрон гом севумро бармедорад, 2 моҳи дигар ба тарафҳои БарҶом фурсат медиҳад ва агар тавофуқе ҳосил шуд боз ҳам роҳ барои музокира, мантиқ ва тавофуқ вуҷуд дорад.
Рӯҳонӣ ҳамчунин дар бахше аз суханони худ тундравҳои Амрико, режими нажодпарасти саҳюнистӣ ва бархе сарони иртиҷоӣ дар минтақаро ба унвони се гурӯҳе ном бурд, ки намехоҳанд байни Эрон ва Амрико робитае одилона ва дуруст барқарор бошад ва иллати хуруҷи Амрико аз БарҶомро тасаллути ин 3 гурӯҳ бар Кохи Сафед донист.
Ҷумҳурии Исломии Эрон 8-уми майи соли 2019 бахше аз тааҳҳудоти худро бо истинод ба бандҳои 26 ва 36 –и тавофуқномаи БарҶом таълиқ кард. Эрон ҳафтуми июл низ фароянди убур аз сатҳи ғанисозии 3.67 дарсадро оғоз кард.
Эрон ҳамчунин эълом кард, дар сурати идомаи бетаҳаррукии барҷомии аврупоиҳо, аз 6 –уми сентябр гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худро иҷро мекунад.