Рӯҳонӣ: Амрико бояд сиёсати ҷангталабӣ ва фишори ҳаддиаксариро раҳо кунад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Амрико бояд ҷангталабонро канор гузошта ва сиёсатҳои ҷангталабиву фишори ҳаддиаксариро раҳо кунад.
Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат бо таъкид бар ин ки мантиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон истифода аз фанноварии сулҳомези ҳастаӣ аст, гуфт, дар БарҶом низ мантиқи Эрон тааҳҳуд дар баробари тааҳҳуд аст ва дар сурате, ки тарафҳои муқобил ба тааҳҳуди худ дар БарҶом амал кунанд, Эрон низ амал хоҳад кард.
Раисҷумҳури Эрон хотирнишон кард, гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомӣ муҳимтарин гоми ҷумҳурии исломӣ маҳсуб мешавад ва қобили муқоиса бо ду гоми қаблӣ нест ва агар зарурат дошта бошад, дар оянда боз ҳам Эрон гомҳои дигарро бархоҳад дошт.
Рӯҳонӣ бо баёни ин ки имрӯз чеҳраи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷаҳон ба унвони чеҳрае сулҳталаб ва мутаодил матраҳ аст, гуфт, Эрон ҳеҷ гоҳ оғозгари таҷовуз ва таҳрим набудааст ва ҳеҷ тааҳҳудеро нақз накардааст, балки тарафҳои дигар буданд, ки тааҳҳудоти худро зери по гузоштанд.
Эрон 8 майи 2019, як сол пас аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва пас аз исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни табаоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз БарҶом эълом кард, бахше аз тааҳҳудоти барҷомии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 –и ин тавофуқ муаллақ мекунад.
Эрон то кунун се гом, шомили боло бурдани дарсади ғанисозии ураниум аз 3.67 дарсад, афзоиши захираи ураниуми ғанишуда ва таваққуфи тамоми тааҳҳудоташ дар ҳавзаи таҳқиқ ва тавсеа дар БарҶомро дар ростои коҳиши тааҳҳудоти худ амалӣ кардааст.