Сентябр 22, 2019 15:17 Asia/Dushanbe
  •  Баргузории рижаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон

Ҳамзамон бо нахустин рӯз аз ҳафтаи дифои муқаддас , маросими рижа(парад)и нерӯҳои мусаллаҳи Эрон субҳи имрӯз ( якшанбе ) дар саросари ин кишвар баргузор шуд .

Дар рижаи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳӯрии исломии Эрон  қисмҳои намӯнаи пиёда   ва фаннии артиши Ҷумҳӯрии исломии Эрон , Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ , Басиҷ , Нерӯи интизомӣ ва вазорати дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ мушорикат доштанд .

 Фармондеҳони аршади нерӯҳои мусаллаҳи Эрон , вобастагони низомии дигар кишварҳо дар Эрон, ҷамъе аз хонаводаҳои шаҳидон ва ҷонбозону исоргарон дар ин маросим ҳузур доштанд .

 Имрӯз ( якшанбе ) 22 сентябр мусодиф бо солрӯзи шурӯи ҷанги таҳмилии режими баъси Ироқ бо Ҷумҳӯрии исломии Эрон аст .Артиши мутаҷовизи режими Саддом ( диктатори пешини Ироқ ) 31 шаҳривари соли 1359 (22 сентябри 1980 ), таҳоҷуми густардаеро бо бакоргирии навъҳои гуногуни ҷангафзорҳо ба Эрон оғоз кард .

    31 шаҳривармоҳ дар тақвими муносибатҳои Эрон оғози ҳафтаи дифои муқаддас аст.