Сентябр 26, 2019 16:02 Asia/Dushanbe
  • Таҷдиди мисоқи аъзои Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ бо ормонҳои Имоми Хумайнӣ(раҳ.)

Аъзои Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ субҳи имрӯз (панҷшанбе) бо ҳузур дар марқади мутаҳҳари имоми Хумайнӣ (раҳ.) бо ормонҳои бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрони таҷдиди мисоқ карданд.

Раис ва аъзои Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ дар ин маросим бо қароати фотиҳа ва эҳдои тоҷи гуле, ёд ва хотираи имоми Хумайнӣ (раҳ)-ро гиромӣ доштанд.

Аъзои Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ қарор аст, имрӯз (панҷшанбе) бо раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ ҳам дидор кунанд.

Аъзои Маҷлиси хибрагони раҳбарии рӯзи гузашта (чаҳоршанбе) дар баёнияи поёнии ҳафтумин иҷлоси расмии Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ, дар даври панҷум зимни маҳкӯм кардани баёнияи ахири се кишвар, бадаҳдии аврупоӣ алайҳи Эрон бар ҳифз, тақвият ва иртиқои меҳвари муқоввимат ва нафии ҳар гуна музокира дар ҳар сатҳе бо Амрико таъкид карданд.