Сентябр 26, 2019 16:38 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ дар дидори Барҳам Солеҳ: Ироқ кишвари дӯст ва бародари Эрон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳури Ироқ дар Ню-Йорк гуфт: “Ироқ кишвари дӯст, бародар ва ҳамсояи Эрон аст”.

Ҳасани Руҳонӣ дар ин дидор бо баёни инки зарфияти равобити Эрон ва Ироқ бисёр беш аз сатҳи кунӯнӣ аст, бар зарурати талоши ду кишвар барои иҷроӣ кардани ҳарчӣ сареътари тавофуқоти дуҷониба аз ҷумла дар мавзӯи лойрӯбии Арванд-Руд таъкид ва тасреъ дар иҷрои ин тавофуқро ба нафъи ду миллати Эрон ва Ироқ донист.

Руҳонӣ  бо ишора ба ҳамкории хуби давлати Ироқ дар пазироӣ аз зоирони эронӣ ва бо ишора ба наздик будан арбаъӣни Ҳусайнӣ(ъ), ҳалли мушкилоти бонкӣ байни Эрон ва Ироқро низ барои тавсеаи равобити иқтисодӣ ва ҳамчунин тасҳили мусофирати зоирон муфид донист ва аз давлати Ироқ хост, то пеш аз фарорсидани Арбаъини ҳусайнӣ(а) тасҳилоти бештаре дар ин робита фароҳам кунад.

Ҳасани Руҳонӣ ҳамчунин хостори рафъи ҳар гуна мавонеи идорӣ бар сари иҷрои тасмимоти сарони Эрон ва Ироқ дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла роҳандозии роҳи оҳани Шаламча ба Басра  эҷоди шаҳракҳои санъатии муштараки марзӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахши энержӣ бавижа нафту барқ ва рафъи мушкилоти ҳамкории бонкии Эрон ва Ироқ шуд.

Раисиҷумҳури Ироқ низ дар ин дидор бо ишора ба иродаи кишвараш барои тавсеаи равобити ҳамаҷониба бо Эрон гуфт, пайвандҳои таърихӣ ва фарҳангӣ муҳимтарин пуштивонаи густариши равобити ду кишвар аст.

Барҳам Солеҳ барои ҳалли мавонеи идорӣ байни ду кишвар пешниҳоди ташкили ккмитеҳои доимӣ байни Эрон ва Ироқ ба манзури пайгирии мусавваботи сарони ду кишварро дод.

Раисиҷумҳури Ироқ ҳамчунин бо баёни инки вай ниҳояти талоши худро барои ҳалли мушкили бонкии зоирони эронӣ анҷом хоҳад дод, пешбинӣ кард, арбаъини имсол бошукӯҳтарин арбаъини солҳои ахир бошад.

 

Барчасп