Сентябр 27, 2019 17:18 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон вориди Теҳрон шуд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз ширкат ва суханронӣ дар ҳафтодучорумин иҷлоси сарони Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид вориди Теҳрон шуд.

Муовини аввали раисҷумҳур, мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури  байналмилал ва низ теъдоде аз аъзо ҳайати давлат дар фурӯдгоҳ аз Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар бозгашт аз сафар ба Ню-Йорк истиқбол карданд.

Қарор аст раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷамъи хабарнигорон дастовардҳои сафар ба Ню-Йоркро ташреҳ кунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, ки душанбеи гузашта вориди Ню-Йорк шуд, дар нахустин рӯзи сафар бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва Умрон Хон, нахуствазири Покистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Барномаи корӣ вак фишурдаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз субҳи сешанбе бо ҷаласаи мудирони аршади расонаҳои Амрико оғоз оғоз шуд ва Рӯҳонӣ дар идома бо хонум Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва ҳамчунин нахуствазирони Ҷопон ва Испания дидор ва дар хусуси роҳҳои густариши равобити дуҷониба ва мавзӯоти мавриди алоқа ба баҳс ва табодули назар пардохт.

 

Барчасп