Рӯҳонӣ: Амрико монеи музокира аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47080-Рӯҳонӣ_Амрико_монеи_музокира_аст
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин, ки Эрон ба хотири мантиқ ва истидлолҳое, ки дорад аз музокира тарс надорад ва фирор намекунад гуфт: Амрико монеи аслии музокира аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 27, 2019 14:39 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Амрико монеи музокира аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин, ки Эрон ба хотири мантиқ ва истидлолҳое, ки дорад аз музокира тарс надорад ва фирор намекунад гуфт: Амрико монеи аслии музокира аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа пас аз ширкат ва суханронӣ дар ҳафтодучорумин иҷлоси сарони Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ва дар бадви вуруд ба Теҳрон дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: Эрон дар фазои таҳрим ва дар бақои таҳрим ва дар фазои масмуми фишори ҳаддиаксарӣ ҳатто дар қолаби 5+1 музокира нмекунад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба дидорҳои мутанаввеъ ва густурда бо мақомоти кишварҳои мухталиф дар ҳошияи иҷлоси Созмони Милали Муттаҳид афзуд: Ҳеҷ кас ва ҳеҷ мақоме нест, ки хурӯҷи Амрикоро аз БАРҶОМ ва фишору таҳрими ин кишвар зидди Эронро маҳкум накунад ва ҳамаи онҳо бидуни истисно гуфтанд, ки тасмими Амрико дар хурӯҷ аз БАРҶОМ кори нодуруст ва ғалате буд.

Рӯҳонӣ афзуд: Тақрибан ҳамаи мақомҳои сатҳи болои дунё аз Аврупо, Осиё ва Африқо дархости мулоқот бо ҳайати эрониро доштанд ва фурсати замоне, ки вуҷуд дошт паёми мазлумият ва ҳаққонияти миллати Эрон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ тавзеҳ дода шуд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард: Дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба тарафҳои мухталиф тафҳим шуд, ки Эрон дар фазои масмум музокира намекунад.