Сентябр 30, 2019 19:48 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ: Роҳбурди муқовимати фаъол, иродаи душманонро заиф кардааст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо баёни ин ки роҳбурди муқовимати фаъол, душманонро дучор сукун ва фиқдони ирода кардааст гуфт, душманон, дучори заволи бозгаштнопазир шудаанд ва захоири роҳбурдии онҳо рӯ ба интиҳост.

Сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи душанбе дар оини ифтитоҳияи бисту сеюмин Маҷмаи саросарии фармондеҳон ва масъулини сипоҳ дар Теҳрон, бо таъкид бар инки эътибор ва қудрати низоми Ҷумҳурии исломӣ дар ҳоли рушд ва иртиқо аст, афзуд, имрӯз душман натанҳо дар ҳоли ақибнишинӣ аз ҷуғрофияи гузаштааст, балкӣ таҳримҳои иқтисоди зидди миллати Эрон низ беасар шудааст. Сарлашкар Саломӣ бо таъкид бар инки Эрон имрӯз ҳам қудрати таҳоҷум ва ҳам муқовимат дорад, тасреҳ кард, Эрон имрӯз дар ҳар андоза, бо ҳар шиддат ва диққат ва дар ҳар масоҳате метавонад ба душман ҳуҷум бибарад. Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ таъкид кард, Эрон зарфияти инҳидоми режими саҳиюнистиро фароҳам кардааст ва метавонад ин режимро аз ҷуғрофиёи ҷаҳон ҳазф кунад. Ҳуҷҷатулислом Иброҳими Раисӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон низ дар ин маросим, бо таъкид бар инки сипоҳи посдорон бо сарнагун кардани паҳподи мутаҷовизи Амрико қудрати пӯшол(дурӯғин)-и истикборро ба ҷаҳониён нишон дод, гуфт, душманон ҳаргиз наметавонанд дар баробари қудрати муқовимат, давом биоваранд.

 

Барчасп