Октябр 01, 2019 17:18 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобит бо Арманистон аз усули сиёсати хориҷии Эрон

Рӯҳонӣ дар дидори раисҷумҳури Арманистон гуфт, густариши равобит бо Арманистон аз усули сиёсати хориҷии Эрон аст

Ба гузориши ИРНА, раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арманистон бо якдигар дидор ва бар иртиботи бештари бахшҳои хусусии ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар абъоди дуҷониба ва минтақаӣ таъкид карданд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳасани Рӯҳонӣ, ки шомгоҳи душанбе вориди Ереван шудаас, дар дидоре дуҷониба бо Армен Саркисян, раисҷумҳури Арманистон, бо ишора ба иштирокоти таърихӣ ва фарҳангии ду миллат, талоши рӯзафзун барои таҳкиму таъмиқи рӯзафзуни равобит ва муносиботи Теҳрон- Ереванро дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мавриди таъкид қарор доданд.

Доктор Рӯҳонӣ дар ҷараёни сафар ба Арманистон барои ширкат дар иҷлоси сарони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, дар дидори раисҷумҳури Арманистон бо баёни ин ки Теҳрон ва Ереван ҳамвора аз равобити дӯстона ва самимӣ бархурдор буда ва сатҳи муносиботи ду кишвар дар масири рушду тавсеа қарор дорад, изҳор дошт, тавсеа ва таҳкими бештари равобит бо ҳама кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Арманистон аз усули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Рӯҳонӣ иштирокоти фарҳангиву таърихии ду миллатро фурсати муносибе барои барқарории равобити ҳамаҷонибаи пойдор байни ду кишвар донист ва гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арманистон аз зарфиятҳо ва патенсиалҳои густурдае дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла энержӣ, транзит, ҳамлу нақл, гардишгарӣ ва санъат бархурдор ҳастанд, ки метавон аз ин зарфиятҳо дар ростои манофеи ду миллат баҳрабардорӣ кард.

Раисҷумҳурӣ истифода аз тавонмандиҳои бахши хусусии ду кишвар ва сармоягузориҳои муштаракро мавриди таъкид қарор дод ва гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад то таҷрибиёт худро дар арсаҳои мухталифи хадамоти фаннӣ - муҳандисӣ, садсозӣ ва энержӣ дар ихтиёри тарафи арманӣ қарор диҳад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин ҳамкорӣ дар қолаби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро дорои аҳамият тавсиф кард ва гуфт, ҳузури Эрон дар муносиботи иқтисодии минтақаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё метавонад фурсати муносибе барои тақвияти муносиботи иқтисодии дуҷониба ва ҳамчунин ҳамкорӣ ва фаъолияти иқтисодӣ дар сатҳи минтақа бошад.

Армен Саркисян, раисҷумҳури Арманистон низ дар ин дидор бо таъкид бар ин ки кишвараш ба тавсеаи беш аз пеши равобит бо ҷумҳурии исломӣ аҳамияти вижае қоил аст, гуфт, Арманистон ба дунболи тавсеаи рӯзафзуни равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаҳои мухталиф, ба вижа дар заминаҳои иқтисодӣ, санъатӣ, энергӣ ва муҳити зист аст.

 

 

 

Барчасп