Раҳбари муаззами инқилоб: Фишори ҳаддиаксарӣ шикаст хурдааст/ Ба коҳиши тааҳҳудоти ҳастаӣ идома медиҳем
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарии Амрико ва таслим нашудани Эрон дар муқобили низоми султа гуфтанд, Эрон бо ҷиддият ва қотеъият ва то расидан ба натиҷаи матлуб ба коҳиши тааҳҳудоти ҳастаӣ идома хоҳад дод.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (чаҳоршанбе) дар дидори ҳазорон нафар аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, бо ишора ба талоши нокоми ахири амрикоиҳо барои эҷоду илқои ҳолате ҳатто намодин аз шикасти Эрон афзуданд: Онҳо барои водор кардани раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мулоқот, ба илтимос ҳам афтоданд ва руфақои аврупоиро ҳам ба кумак хостанд, аммо натавонистанд ва то ин соат фишори ҳаддиаксарӣ шикаст хурда ва банда қотеона мегӯям, ки то охир ҳам дар ин фишори ҳаддиаксарӣ шикаст хоҳанд хурд.
Эшон ҳамчунин бо ишора ба мавзӯи ҳастаӣ гуфтанд, коҳиши тааҳҳудоти ҳастаӣ, ки масъулияти он бар ӯҳдаи Созмони энержии атомии Эрон аст, бояд ҳамон гуна, ки давлат эълом карда, бо ҷиддияти комил ва ба сурати дақиқ ва ҷомеъ идома ёбад то ба натиҷаи матлуб бирасад ва қатъан ҳам ба натиҷа хоҳад расид.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҳазинаҳои душманон, ба вижа Амрико дар Афғонистон, Ироқ ва Сурия ишора ва хотирнишон карданд, онҳо бо ҳазинаҳои газоф ДИИШ – ро ба вуҷуд оварданд ва аз он ҳимоятҳои таслеҳотӣ, молӣ ва таблиғотӣ карданд ва ҳоло, ки бо ҳиммати ҷавонони Сурия, Ироқ ва Эрон ДИИШ аз байн рафтааст, ба дурӯғ мегӯянд: “мо ДИИШ -ро нобуд кардем!”.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таҳсини тавоноиҳои маҷмӯаи азими муқовимат дар мувоҷеҳа бо ҷабҳаи муттаҳиди куфр ва зулм, дар тавсияе ба Сипоҳи посдорон гуфтанд, нигоҳи васеъ ва фаромарзӣ ба ҷуғрофиёи муқовиматро аз даст надиҳед.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар заминаи масоили иқтисодӣ низ хотирнишон карданд, бархеҳо қаблан пешбинӣ мекарданд, ки соли 1398 соли мушкилоти бисёр шадиди иқтисодӣ бошад, дар ҳоле, ки акнун масъулони кишвар хабар аз як рушди иқтисодии нисбӣ дар шашмоҳаи аввали сол медиҳанд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд, аз ҳар зовия, ки ба мувоҷеҳаи кунунии миллати Эрон бо дунёи зулму истикбор ва куфр нигариста шавад, пирӯзи ниҳоӣ миллати Эрон аст.