Раҳбари муъаззами инқилоб: набояд иҷоза дод ҳақиқатҳои дифои муқаддас куҳна, фаромуш ва ё инкор шавад
(last modified 2019-10-03T08:22:22+00:00 )
Октябр 03, 2019 13:22 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоб: набояд иҷоза дод ҳақиқатҳои дифои муқаддас куҳна, фаромуш ва ё инкор шавад

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар дидори дастандаркорони конгираи 6200 шаҳиди вилояти Марказӣ таъкид карданд: набояд иҷоза дод ҳақиқатҳои барҷастаи дифои муқаддас куҳна, фаромуш ва ё маҷоле барои инкори онҳо ба вуҷуд ояд.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баёноти ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори дастандаркорони конгираи 6200 шаҳиди вилояти Марказӣ, ки дар таърихи 30 сентябри 2019 баргузор шуда буд субҳи имрӯз (панҷшанбе) дар маҳалли ин ҳамоиш дар Арок, маркази вилояти Марказӣ мунташир шуд.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар лузуми ҷамъоварии хотироти гаронбаҳои падарон, модарон ва ҳамсарони шуҳадо афзуданд, шаҳодат муҳибат ва имтиёзе аст, ки Худованди мутаол насиби ин барҷастагон кардааст ва шарҳи ҳол ва зиндагонии шаҳидон, ҷонбозон ва размандагоне, ик дар ин масири дарахшон қарор доранд, саросар дарс ва нишондиҳандаи маротибти болои маънавии онон аст. Раҳбари инқилоби исломӣ барҷастатар ва дарахшандаатар шудани ёди шаҳидонро руҳиябахш, умедбахш ва ҷиҳатбахш хонданд ва хотирнишон карданд: аз ҷумла мавориде, ки бояд дар сабти хотироти хонаводаҳои шаҳидон мавзӯи савол ва баррасӣ қарор бигирад ангезаҳои онон аз мувофиқат бо ҳузури фарзандон ва ҳамсаронашон дар майдони ҷиҳод дар роҳи Худост. Ишон ангезаи шаҳидон аз ҷиҳодро касби ризои илоҳӣ ва зикру номи ҳазрати саидушуҳадо алайҳи салом бар шуморданд ва афзуданд: баргузории ингуна иҷтимоот ва гирдиҳамоиҳо набояд поёни кор арзёбӣ шавад, балки бояд ба масобаи оғози роҳ дар ошно кардани ҷавонон ва навҷавонон бо маорифи инқилоб ва дифои муқаддаст бошад.

Барчасп