Октябр 03, 2019 19:13 Asia/Dushanbe

Устони Хуросони Разавӣ омодаи ироаи тасҳилоти қонӯнӣ ва рифоҳӣ ба зоирони атбои хориҷии муқим ва ғайри муқим аст.

Сарпарасти Идораи кулли умури атбоъ ва муҳоҷирини хориҷӣ дар нишасти хабарии имрӯз (панҷшанбе) гуфт, дар Хуросони Разавӣ 25 дастгоҳ ва органи давлатӣ ва мардумӣ ба беш аз 100 ҳазор зоири хориҷии арбаъини ҳусайнӣ хидматрасонӣ мекунанд.

Муҳамадтақӣ Ҳошимӣ бо баёни ин ки дар соли гузашта, 33 ҳазору 238 зоири ғайри муқим вориди Эрон ва сипас ба Карбало азимат карданд, афзуд, пешбинӣ мекунем, имсоли ин омор 30 то 40 дарсад афзоиш ёбад.

Ташкили Ситоди мардумии арбаъин ва иртиботи мустамар бо ниҳодҳои муртабит бо азимати зоирони ҳусайнӣ(а) аз муҳимтарин иқдомоти имсол аст, ки ба гуфтаи сарпарасти Идораи кулли умури атбоъ, ин ситод, шароити азимати зоирони дорои гузарномаи электронӣ ва дорандагони корти омоиш ва раводиди убурро тасҳил мекунад.

Ҳошимӣ ҳамчунин ба истиқрори 6 мадхали вурӯду хуруҷ дар марзҳои устон ва мукебҳои даҳгона дар масири азимати зоирон ишора ва тасреҳ кард, Идораи кул ду мукеб дар Карбало ва ду мукеб дар Козимайн барои ироаи хидмат ба зоирони арбаъин тадорук дидааст.

Вай аз тамҳидоти шоиста дар марзи Шаламча барои азимат ба Ироқ хабар дод ва гуфт, ба ёрии Парвардгор бо тадобир ва ҳамоҳангии мустамар бо устони Қудси Разавӣ ва дигар органҳои муртабит имсол шоҳиди мушкилоти сол гузашта нахоҳем буд.