Таҷлили Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон аз Марзия Ҳошимӣ
(last modified Sun, 06 Oct 2019 09:39:29 GMT )
Октябр 06, 2019 14:39 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон аз Марзия Ҳошимӣ

Дар оини гиромидошти Муҷоҳидатҳои расонаии хонаводаи муовинати бурунмарзии Садо ва симо дар хати муқаддами муқобила бо ҷанги нарм аз фаолиятҳои Марзия Ҳошимӣ барандаи шабакаи ПрессТВ таҷлил шуд.

Ба нақл аз хабаргузории ЭронПресс, Марзия Ҳошимӣ дар суханони кутоҳе дар ин маросим бо баёни ин ки дар раванди боздошташ дар Амрико маҷмуаи хонаводаи Садо ва симо заҳамоти фаровоне барои рушангарӣ дар ин замина кашидааст гуфт, Худоро шукр мекунам, ки фурсате дар ихтиёри ман қарор дод, то дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва дар хати муқаддами ҷанги нарм алайҳи золимон фаолият кунам.

Вай афзуд, Мо вазифа дорем садои мазлумони минтақа ва олам бошем ва ИншоАллоҳ битавонем бо беҳтарин равиш ва ба гунае, ки Худо аз мо розӣ бошад ин корро анҷом диҳем.

Марзия Ҳошимӣ баранда, хабарнигор ва мустанадсоз ва гуяндаи амрикоиул асли шабакаи телевизионии ПрессТВ муовинати бурунмарзии Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон 13 январи 2019 бидуни ҳеҷ далеле дар фурудгоҳи Сент-Луиси ин кишвар боздошт ва ба як боздоштгоҳи полиси федерали Амрико FBI дар Вашингтон мунтақил шуд.

Марзия Ҳошимӣ, ки барои дидор бо хонаводааш ба Амрико сафар карда буд ба маҳзи боздошт тавассути масъулони боздоштгоҳ ғулу занҷир шуд ва бо вуҷуди инки медонистанд вай масалмон аст, ба зур ҳиҷоби исломии ӯро бардоштанд ва барандаи ПрессТВ-ро аз хурдани ғизоҳои ҳалол манъ карданд.

Ин хабарнигор дар паи фишорҳои расонаӣ ва афкори умумии ҷаҳон пас аз 11 рӯз аз боздошти давлати Амрико озод шуд.