Октябр 06, 2019 17:29 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи Сипоҳи посдорон: Расонаҳои бурунмарзии Эрон вориди ҷанге нобаробар шудаанд

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо баёни ин, ки расонаҳои бурунмарзии Эрон вориди ҷанге нобаробар шудаанд гуфт: Пирӯзии ҳақиқат қатъӣ аст.

Ба нақл аз Iran Press, сарлашкар Ҳусейни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар маросими таҷлил аз муҷоҳидатҳои расонаии Муовинати бурунмарзии Созмони Садо ва Симои Эрон дар Теҳрон афзуд: Майдони ҷанг аз ҷуғрофияи сарзаминӣ ба марзҳои зеҳнӣ ва ҷуғрофияи қалбҳо тағйири мавзеъ додааст. Аз ин рӯ касе беҳтар битавонад зеҳнҳоро мудирият кунад, дар ин набард маваффақтар аст.

Сарлашкар Саломӣ бо баёни ин, ки душманон ба дунболи шаклдиҳии ҷаҳони оянда ҳастанд тасреҳ кард: Душманон талош мекунанд ҳуқуқи башар, озодӣ, ҷанг ва дифои машрӯъро ба гунае таъриф кунанд, то ҷинояти саҳюнистҳо, дифои машрӯъ ва қурбонӣ шудани кӯдакони яманӣ ва фаластинӣ ҷангталабӣ таъриф шавад.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин, ки расона метавонад инъикоси садои мазлумон бошад гуфт: Ин ҳамон набарди расонаӣ аст ва расонаҳои бурунмарзии Эрон метавонанд бо нишон додани ҳақиқат, аз расонаҳои душман эътиборзудоӣ кунанд.

 

 

Барчасп