Англия ва эҷоди қаҳтӣ ва куштори мардуми Эрон дар давраи ҷанги ҷаҳонии аввал
(last modified 2019-10-07T10:47:20+00:00 )
Октябр 07, 2019 15:47 Asia/Dushanbe

Дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии аввал, Эрон ба рағми эъломи бетарафӣ ба андозаи як кишвари дар ҳоли ҷанг хасорат ва харобӣ таҳаммул кард.

Зоияе, ки натиҷаи мустақими ҳуҷуми нерӯҳои бегона ба Эрон буд. Илова бар хасорат ва харобиҳо, қаҳтии густарда ва гуруснагӣ ва шиюи маргбори бемориҳо, раҳоварди бегонагон дар дохили Эрон буд. Дуруст дар замоне, ки мардуми Эрон ба далели қаҳтӣ нобуд мешуданд, артиши Англия машғули хариди миқдори азиме ғалла ва маводи ғизоӣ аз бозори Эрон буд. Англия бо ин кори худ ҳам боиси афзоиши шадиди нархи маводи ғизоӣ мешуд ва ҳам мардуми Эронро аз ин мавод маҳрум мекард. Амалкарди Англия вазъиятро вахимтар кард ва сабаби марги миллионҳо эронӣ шуд. Англисиҳо илова бар ин ки монеи воридоти маводи ғизоӣ аз Амрико ва Ҳинд ва Осиёи Марказӣ ба Эрон мешуданд ҷинсҳо ва маводи ғизоии расидаро низ ба анборҳои худ ҳамл мекарданд ва ҳамчунин аз пардохти пули даромадҳои нафтии Эрон худдорӣ мекарданд.

Лионел Чарлз Денстервил фармондеҳи артиши Англия дар шимол ва ғарби Эрон буд. Ӯ фармондеҳии нерӯҳои Денстерфорс-ро ба уҳда дошт. Генерал  Денстервил дар бораи қаҳтӣ дар Эрон чунин менависад, нишонаҳои қаҳтиро дар ҳамон оғози сафарам ба Эрон дар январ бо дидани ҷасадҳо ва ашхоси дар ҳоли марг дар ҷодаҳо шоҳид будам. Аз рустоҳои нимавайрон бо сокинони гушна убур кардам. Аммо ҳар чи гузашт вазъият аз бад ба бадтар тағйир ёфт ва рушан буд, ки ин мусибат то фасли бардошти баъдӣ яъне то ҳудуди шаш моҳи баъд шадидтар низ хоҳад шуд.

Бозмондаи яке аз шоҳидони айнии он воқеаҳо дар Озарбойҷон мегуяд:

Падари ман замоне доруға буд дар шаҳри Миёна (дар шимоли ғарби Эрон). Бо доруғаи бозор суҳбат мекард. Ӯ мегуфт англисиҳо аввал хеле бисёр пул харҷ карданд ва тилло ва пул ба бозор рехтанд ва мардумро фиреб доданд ва ҳамачизро аз онҳо хариданд. Сипас гаронӣ дуруст карданд ва ҳамачизро сӯзонданд. Баъд аз ин ки мардум дучори қаҳтӣ шуданд, гандумро хеле гарон карданд. Дар ин замон мардум тиллоҳоро медоданд ва меқдори хеле кам гандум мехариданд то маишат кунанд ва аз гушнагӣ намиранд. Дар канори рӯдхонаи Қизилузун дар як шаб беш аз бист нафар аз гушнагӣ мурданд. Англия ҳамачизро сӯзонда буд. Англисиҳо ғалла ва қанд ва дигар чизҳоро сӯзонда ва рафта буданд.

Дар ин замон англисиҳо дар паи хариди калони ғалла ва дигар маводи ғизоӣ дар саросари Эрон буданд. Генерал Денстервил дар бораи иқдоми Англия дар хариди ғалла дар Эрон ва фишор бар давлати Эрон менависад, англисиҳо махфиёна тамоми мухобироти Эрон, ҳукумати Теҳрон ва тамоми ҳокимони вилояти ғарби Эронро шунуд мекарданд. Давлати Эрон фармон дода буд, ки тамоми муқотиакорон(масъулони ақди қарордод)-и ғалла, ки ба англисиҳо ғалла мефурухтанд  дастгир шаванд.

Дастур иҷро шуда буд. Аммо билофосила Англия давлати Эронро барои раҳоии муқотиакорони мутахаллиф таҳти фишор гузошт.