Октябр 14, 2019 21:36 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ: Ваҳдати мусулмонон - бузургтарин рисолати Арбаин аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо қадрдонӣ аз миллати Ироқ барои меҳмоннавозӣ аз зоирони Арбаини ҳусайнӣ гуфт, ваҳдати мусулмонон бузургтарин рисолати Арбаин аст.

Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки субҳи имрӯз (душанбе) ба манзури боздид аз марзи Шаламча ба Хузистон, дар ҷануби ғарби Эрон сафар кардааст, дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “Алолам”, роҳпаймоии маросими Арбаини ҳусайниро маросими беназир дар ҷаҳон тавсиф кард.

Сарлашкар Саломӣ бо баёни ин ки мардуми Ироқ хадамоти зиёде барои зоирони Арбаин фароҳам карданд, афзуд, ҳаводиси чанд рӯзи гузаштаи Ироқ масъалаи комилан дохилӣ аст ва иртиботе бо Арбаин надорад.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо таъкид бар лузуми ваҳдати мусулмон хотирнишон кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз анвои равобити бародарона бо кишварҳои исломӣ истиқбол мекунад.

Сарлашкар Саломӣ ҳамчунин бо ишора ба одисозии равобити бархе кишварҳои минтақа бо режими ишғолгари саҳюнистӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон иҷоза намедиҳад бархе ҳукуматҳо дар кишварҳои исломӣ сиёсатҳои Исроилро дар ҷаҳони Ислом пиёда кунанд.

20 –уми сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ (19 октябри 2019) Арбаин ё 40 рӯз пас аз шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст.

Шумори зиёде аз мусулмонон ва пайравони адёни илоҳии дигар, аз чанд рӯз монда ба Арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а), бо пиёдаравии масири ҳудуди 80 километрӣ аз шаҳри Наҷаф то Карбало, худро ба марқади мутаҳҳари эшон дар Карбалои муъалло мерасонанд.

Ибқи омори расмии манобеи ироқӣ, ҳудуди 14 миллион зоир соли гузашта дар пиёдаравии Арбаини ҳусайнӣ (а), ки бузургтарин гирдиҳамоии солонаи мазҳабӣ дар ҷаҳон аст, ширкат карданд.

 

 

 

 

Барчасп