Октябр 15, 2019 18:37 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Таҳрими ғизоиву доруии Эрон нанги Амрикост + видео

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки хориҷ шудан аз тавофуқи байналмилалии БарҶом нанг барои Амрикост, таъкид кард, таҳрими маводи ғизоӣ ва доруии мардуми Эрон, нанге бузургтар барои давлати Амрико аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар шастушашумин иҷлоси вазирони беҳдошти минтақаи Медитаронаи шарқии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Теҳрон, бо таъкид бар ин ки Амрико муртакиби ҷинояти зиддибашарӣ шуда ва иқдомаш терроризми иқтисодӣ аст, афзуд, донишмандон, муҳаққиқон, корофаринон ва тавлидкунандагони эронӣ бо вуҷуди фишорҳои бесобиқаи иқтисодӣ ва таҳримҳои ноодилона, ба самти худкифоии комил ҳаракат мекунанд.

 

Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки 83 миллион эронӣ ҷинояти Амрикоро фаромӯш нахоҳад кард, гуфт, Амрико шикастхӯрдаи ин майдон хоҳад буд ва дар дунёи сиёсат, ахлоқ ва инсоният низ Эрон пирӯз ва Амрико шикаст хӯрдааст.

 

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки ҷангу тероризм омили муҳими барҳам задани саломати ҷомеа аст, гуфт, ишғол ва ҳамлаи низомӣ дар Яман, Сурия, Ироқ ва Афғонистон маънояш ин аст, ки мардум дар ин манотиқ бо мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯ хоҳанд буд ва саломати мардум таҳдид мешавад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо таъкид бар ин ки Эрон дар шароити сахт ҳамсоягони худро фаромӯш накард, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон барои таъмини беҳдошт ва дармон ҳамвора дар канори мардум Ироқ ва Сурия будааст.

 

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки ҷумҳурии исломӣ дар канори мардуми мазлуми Фаластин дар муқобили таҷовузҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ истодааст, гуфт, Эрон ҳамчунин аз назари таъмини дору ва ғизо ба мардуми Яман кумак мекунад ва ин корро муҷиби ифтихори худ медонад.

 

Барчасп