Октябр 16, 2019 19:49 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон дар улуми мухталиф пеш рафтааст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, бо вуҷуди мушкилоте, ки Эрон 40 соли гузашта дошта, донишгоҳҳо ба хубӣ ба вазоиф ва рисолати худ амал кардаанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ойини оғози расмии соли таҳсилии донишгоҳҳо ва марокизи пажӯҳишӣ ва фанноварии кишвар дар донишгоҳи Теҳрон афзуд, имрӯз сатҳи донишгоҳҳои Эрон нисбат ба минтақа ва ҳатто ҷавомеи пешрафта хуб аст ва таҳаррукоти хубе аз лиҳози илму дониш доранд.

Рӯҳонӣ бо ишора ба ин ки таҳаввулоти кунунии ҷаҳон бисёр босуръат аст, гуфт, донишгоҳҳои Эрон бояд донишҷӯёнро барои фардои беҳтар тарбият кунанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки Теҳрон омодаи таомул бо кишварҳои мухталиф аст, таъкид кард, ин таомул ба ин маънӣ нест, ки вақте душман ба Эрон ҳамла мекунад, ҷумҳурии исломӣ сукут мекунад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба наздик шудани кишвар ба интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ изҳор дошт, беҳтарин роҳ барои ислоҳи ҷомеа сандуқи раъй аст.

 

Барчасп