Октябр 20, 2019 15:10 Asia/Dushanbe
  • Қудрати иттилоотии сипоҳ дар дастгирии саршабакаи Омад-Ниюз

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, дастгирии саршабакаи расонаи зидди инқилоби Омад-Ниюз бори дигар қудрати иттилоотии сипоҳро нишон дод.

Ба нақл аз Радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар паи ибрози муҳаббати мардум ва масъулон аз дастгирии саршабакаи расонаи зидди инқилоби  Омад-Ниюз афзуд, нерӯҳои исттилоотии сипоҳ бори дигар зарбате муҳкам бар душман дар хонааш фуруд оварданд ва меъёри қудрати иттилоотии ин нерӯро ба маҳак гузоштанд.

Вай хитоб ба ҳамаи мардум ва масъулони Ҷумҳурии исломии Эрон тасреҳ кард, бо ин ташаббус ва иқдоми иттилоотӣ тарози ҷаҳонӣ ва ҳирфаӣ, яке аз курсӯҳои ҷанги равонии душман барои ноамнсозии зеҳнӣ ва роҳандозии ошубҳои хиёбонӣ, ихтилофафканӣ байни нухбагон ва масъулон, нашри дуруғ ва шоеа, тарвиҷи бадбинӣ ва ноумедӣ дар мардум хомуш ва ғофилгирӣ бар сари сервисҳои иттилоотии истикборӣ таҳмил шуд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон душанбе 14 октябр бо судури баёнияе аз дастгирии Руҳуллоҳ Зам аз саршохаҳои расонаии душман ва саршабакаи канали хабарии зидди инқилоби Омад-Ниюз дар як амалиёти иттилоотии ҳушмандона хабар дод.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ин амалиётро баёнгари шикаст ва ҷо мондани сервисҳои иттилоотии душман аз қудрати иттилоотии ин ниҳоди инқилобӣ унвон кард.

 

Барчасп