Октябр 23, 2019 14:23 Asia/Dushanbe
  • Боздошти донишманди эронӣ дар Амрико; нақзи алании ҳуқуқи башар

Ҳамсари Масъуди Сулаймонӣ, донишманди эронии маҳбус дар зиндони Амрико гуфт: Кори Амрико дар боздошти ғайриқонунии донишманди эронӣ, нақзи алании ҳуқуқи башар аст, зеро доктор Сулаймонӣ як сол бидуни тафҳими иттиҳом зиндонӣ шудааст.

Профессор Масъуди Сулаймонӣ дар соли 2018 аз тарафи Майо Клиники Амрико барои анҷоми тарҳҳои таҳқиқотӣ ба ин кишвар даъват шуд ва дар октябри ҳамон сол пас аз дарёфти раводиди расмӣ озими Амрико шуд, аммо дар як барномаи аз пеш таъиншуда пулиси Амрико пас аз хурӯҷи вай аз Эрон, раводиди ӯро дар ҳавопаймо ботил кард ва дар фурӯдгоҳи Чикаго ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба Амрико боздошт ва бо иттиҳоми дуввум, нақзи таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, равонаи зиндоне дар иёлати Джорджия кард.

Маҳнози Рабеӣ, ҳамсари Масъуди Сулаймонӣ рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ, бо таъкид бар ин, ки Амрико бо зиндонӣ кардан аз меҳмонони худ пазироӣ мекунад, гуфт: Доктор Сулаймонӣ, устоди тамом ва мудири гурӯҳи хуншиносии Донишгоҳи тарбият мударриси Теҳрон ва ҷузви донишмандони бартари дунё, имрӯз гирифтори зиндонҳои Амрико шудааст.

Маҳнози Рабеӣ ҳамчунин иттиҳоми нақзи таҳримҳои Амрико аз сӯи профессор Сулаймониро иттиҳоме воҳӣ унвон карду гуфт: Доктор Сулаймонӣ ҳеҷ иртиботи корӣ, тиҷорӣ ва ҳатто шахсӣ дар кишвари Амрико надоштааст.

 

Барчасп