Рӯҳонӣ: Эрон дар соли 1395 ҳиҷрии шамсӣ бузургтарин рушди иқтисодии ҷаҳонро дошт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47807-Рӯҳонӣ_Эрон_дар_соли_1395_ҳиҷрии_шамсӣ_бузургтарин_рушди_иқтисодии_ҷаҳонро_дошт
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба дастовардҳои иқтисодии Эрон тайи чанд соли гузашта гуфт, Эрон дар соли 1395 ҳиҷрии шамсӣ бузургтарин рушди иқтисодии ҷаҳонро дошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 23, 2019 13:35 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон дар соли 1395 ҳиҷрии шамсӣ бузургтарин рушди иқтисодии ҷаҳонро дошт

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба дастовардҳои иқтисодии Эрон тайи чанд соли гузашта гуфт, Эрон дар соли 1395 ҳиҷрии шамсӣ бузургтарин рушди иқтисодии ҷаҳонро дошт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат афзуд, Эрон дар соли 1395 ҳиҷрии шамсӣ илова бар рушди иқтисодии 12,5 дарсадӣ, се сол мудовим таварруми такрақамӣ дошт.

Рӯҳонӣ гуфт, дар соли 1395 ҳиҷрии шамсӣ содироти Эрон бар воридоти ғайринафтӣ пешӣ гирифт ва дар бензин, сухти дизелӣ, гандум ва ҳатто донаҳои равғанӣ кишвар ба самти худкифоӣ ҳаракат кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки душманон тасаввур мекарданд, ки бо зарба ба БарҶом метавонанд низоми Эронро аз байн бибаранд, таъкид кард, миллати Эрон ҳушёртар аз он аст, ки фиреби душманонро бихурад.

Рӯҳонӣ бо таъкид бар зарурати ҳузури Эрони исломӣ дар саҳнаи рақобатҳои санъатӣ, илмӣ ва иқтисодии минтақаӣ ва байналмилалӣ изҳор дошт, Эрон ба масири пешрафту тавсеаи худ бо қудрат ва иззат идома медиҳад.