Ҷоизаи беҳтарин филми ҷашнвораи Амрико ба коргардони эронӣ расид
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47833-Ҷоизаи_беҳтарин_филми_ҷашнвораи_Амрико_ба_коргардони_эронӣ_расид
Филми кутоҳи эронии Лакка ба коргардонии Шуриши Вакилӣ ҷоизаи беҳтарин филми ҷашнвораи Freedom fest - anthem Амрикоро касб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 24, 2019 08:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷоизаи беҳтарин филми ҷашнвораи Амрико ба коргардони эронӣ расид

Филми кутоҳи эронии Лакка ба коргардонии Шуриши Вакилӣ ҷоизаи беҳтарин филми ҷашнвораи Freedom fest - anthem Амрикоро касб кард.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷоизаи best film liberation нуҳумин давраи ҷашнвораи Freedom fest - Anthem дар Лас Вегаси Амрико ба филми кутоҳи Лакка расид. Ин филм бо мавзӯи ҳуқуқи башар ва сулҳ, пеш аз ин низ дар Ҳинд туҳфаи беҳтарин филми байналмиллалиро касб кард. Филми кутоҳи Лакка достони пирамарде аст, ки назофтчии толори синамотеатр аст ва бо мавзӯе аҷиб ру ба ру мешава ва саъй дар ҳалли он дорад. Ин филм дар сабки реализми ҷодуӣ ва суреал аст ва коргардон саъй дар ба тасвир кашидан ва таъсири ҷанг ва хушунат дорад. Филми эронии Лакка то кунун чанд ҷоизаи дохилӣ ва хориҷиро дар кишварҳои мухталифи дунё касб карда ва дар ҷашнвораҳои зиёде ҳузур доштааст.