Мусавӣ: Бо ҳалокати ал- Бағдодӣ, тафаккури ДИИШ аз байн нарафтааст
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба хабари ҳалокати Абубакр ал-Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ гуфт, бо кушта шудани Абубакр ал Бағдодӣ, тафаккури ДИИШ аз байн нарафта ва ин тафаккур ҳанӯз зиндааст.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе аз ҳалокати саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли ғарби Сурия хабар дод.
Саидаббоси Мусавӣ рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва симо афзуд, ДИИШ ва Абубакр ал- Бағдодӣ ва онҳое, ки дар садри гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа қарор доранд ва ба изъони худашон, амрикоиҳо онҳоро ба вуҷуд овардаанд, таърихи масраф доранд.
Мусавӣ бо баёни инки ҳар замоне, ки поёни таърихи масрафи ин гурӯҳҳои террористӣ фаро бирасад, аз байн хоҳанд рафт, тасреҳ кард, ДИИШ ва тафаккури террористӣ, фирқагароӣ ва ифротгароӣ, ҳамвора ҷузъи абзорҳои кишварҳое монанди Амрико аст.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки ДИИШ-ро ҷавонони муқовимат, миллатҳо ва давлатҳои Сурия ва Ироқ ва мардуми мутадайни минтақа бо пуштибонии луҷистикии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз байн бурданд гуфт, ҳар чанд ДИИШ аз сӯи нируҳои минтақа шикаст хӯрдааст, аммо бақоёи онҳо тавассути худи амрикоиҳо созмондиҳӣ мешаванд то дар минтақа ҷиноят кунанд.
Мусавӣ бо ишора ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико афзуд, амрикоиҳо дар остонаи ҳар иттифоқе, монанди интихобот ва даргир будан ба масоили дохилии худашон, чунин ахбореро монанди кушта шудани Абубакр ал-Бағдодӣ матраҳ мекунанд.