Теҳрон мизбони нишасти Созмони ҳамкории иқтисодӣ
(last modified Thu, 31 Oct 2019 09:14:57 GMT )
Октябр 31, 2019 14:14 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони нишасти Созмони ҳамкории иқтисодӣ

Нишасти намояндагони доими Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба мизбонии Эрон ва таҳти раёсати Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шуд.

Ба нақл аз Форс , дар ин нишаст масоили марбут ба омодагӣ барои баргузории бистучорумин ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар санаи 8 то 9 ноябри соли ҷорӣ дар Анталияи Туркия баррасӣ шуд.

Шӯрои намояндагони доимии Созмони Эко Ти ин ҷаласа дастури кори нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷа, пешнависи баёнияи Анталия ва дигар санадҳои иҷлоси ояндаро баррасӣ ва тасмимоти марбутро дар мавриди онҳо гирифт.

Бо таваҷуҳ ба поёни давраи раёсати  Тоҷикистон дар Шӯрои намояндагони доимӣ ва Шӯрои вазирони умури хориҷаи Эко Ҳодӣ Сулаймонпур дабири кули ин Созмон дар суханрони дар мавриди бардоштҳои амиқи худ аз дидор бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 21 августи соли ҷорӣ ва ҳамчунин ширкат дар   иҷлоси вазирони гардишгарии Эко дар Тоҷикистон дар санаи 3- 4 октиябр суҳбат кард.

Сулаймонпур дар бхши дигаре аз Тоҷикистон ва раиси ҷумҳури ин кишвар барои саҳми чашмгире дар тарвиҷи фаъолияти Созмони Эко ва тақвияти ҳамкорӣ дар фазои ин Созмон ибрози қадрдонӣ кард.