Ноябр 03, 2019 20:19 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Сипоҳ ба муносибати Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар баёнияе тасреҳ кард: Густариши доманаи истикборситезии миллатҳо бо шайтони бузург, намоди ҳаққонияти иқдоми инқилобии донишҷӯён дар тасхири лонаи ҷосусии Амрико аст.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе бо гиромидошти 13 обон, Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар Эрон таъкид кард: Сад кардани роҳи нуфузи сиёсӣ ва тасаллути Амрико бар Эрон аз тариқи музокира накардан бо шайтони бузург, сиёсате мунтабиқ бар мабнои мустаҳками динӣ ва ақлонӣ аст.

Ин баёния бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар Ироқ ва Лубнон ва вокуниши мардуми ин ду кишвар ба мудохилоти Амрико ва режими саҳюнистӣ эълом кард: Шаклгирии ҷабҳаи муқовимат ва шикасти фитнаи ДОИШ ва терроризми такфирӣ дар Ироқ ва Сурия ва нокомии душманон дар ҷанги Яман, дастовардҳои муқовимат ва истодагӣ аст, ки аз 13-уми обони соли 1358 оғоз шуд.

Фардо душанбе 13-уми обони соли 1398 ҳиҷрии шамсӣ (4-уми ноябри соли 2019 мелодӣ) Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

 

Барчасп