Ноябр 05, 2019 13:19 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи корхонаи навоварии Озодӣ бо ҳузури раиси ҷумҳури Эрон

Раиси ҷумҳури Эрон корхонаи навоварии Озодиро ифтитоҳ кард.

Ба нақл аз ИРНО, ҳуҷҷатул ислом валмуслимин Ҳасани Руҳонӣ ҳангоми ифтитоҳи расмии корхонаи навоварии Озодӣ гуфт, дар моҳи бисёри мубораки рабиъул мавлуд корхонаи навоварии Озодиро бо тавассул ба руҳи азимиушшаъни паёмбари ислом (с) ифтитоҳ мекунем.

Корхонаҳои навоварӣ маҳалли таҷаммуи ширкатҳои навпо ҳастанд ва хадамоти мавриди ниёз ва муртабит бо онҳо низ ба сурати мутамаркиз дар канори онҳо фароҳам мешавад ва қарор аст дар муҳити ин корхонаҳо навоварӣ биҷӯшад ва роҳкорҳои нав барои ҳали масъалаҳои мавҷуд ироа шавад.

Корхонаи навоварии Озодӣ ба унвони аввалин шуъбаи порки технологии Пардис дар масоҳати 18 ҳазору 500 метри мураббаъ дар ғарби Теҳрон эҷод шуда ва барои ҳудуди 3 ҳазору 500 нафар аз ҷавонони таҳсилкарда ва донишгоҳии кишвар дар ин маҷмуа эҷоди иштиғол шудааст.

Корхонаи навоварии Озодӣ аз 10 сула ва як бахши марказӣ таҳти унвони сохтмони U ташкил шудааст; сулаҳои 10 гонаи ин корхонаи навоварӣ, ки дар заминаҳои гуногун аз ҷумла гардишгарӣ ва туризм, меъморӣ ва зиндагии шаҳрӣ, нанодоруҳо, ҳуши маснуъӣ (интернети ашиёъ), биютик, навоварии бимаӣ ва молӣ, тавлиди муҳтаво ва саломати электроник дар онҳо фаолият мешавад, тавассути ширкатҳои бахши хусусӣ табдил ба як шитобдиҳанда ё маркази навоварӣ шуда, ки ин амр фурсати муносибе барои тимҳои ширкатҳои навпо аст, то битавонанд аз имконот ин шитобдиҳандаҳо ва марокизи навоварӣ истифода кунанд.

Барчасп