Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Инзиҷори мардуми Эрон аз Амрико  нишоне аз умқи басират аст
(last modified Fri, 08 Nov 2019 12:18:54 GMT )
Ноябр 08, 2019 17:18 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Инзиҷори мардуми Эрон аз Амрико  нишоне аз умқи басират аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, эъломи инзиҷори мардуми Эрон аз низоми истикбори ҷаҳонӣ ва дар раъси онҳо Амрико умқи басират аз хатаре аст, ки ин кишвар, башарият, сулҳ, амният ва ҳуқуқи инсонҳоро таҳдид мекунад.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҳузури мардуми саросари Эрони исломӣ дар роҳпамоии сездаҳуми обон, Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ афзуд, Амрико дар душманӣ бо низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чиҳил соли гузашта аз ҳеҷ тавтеае даст накашидааст. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ёдоварии музокироти Эрон бо “Гурӯҳи панҷ ба иловаи як” ва имзои тавофуқи ҳастаии мавсум ба БарҶОМ афзуд: “Натиҷаи БарҶОМ чӣ шуд? Оё таҳримҳо бардошта шуданд? На танҳо таҳримҳо бардошта нашуд, балки таҳримҳои ҷадид ҳам изофа шуд”.

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ бо таъкид бар ин ки дар ҷанги иқтисодӣ бояд ба ҷавонони бокифоят, истеъдодҳои дурахшон ва ҷавононе, ки масъалаи мушакро мояи иззати кишвар қарор доданд ва ба ҷабҳаи муқовимат пирӯзӣ бахшиданд, майдон дода шавад, гуфт, дар муқобила бо ҷанги иқтисодӣ, бояд ҷавонони инқилобӣ ва корӣ ба кор гирифта шаванд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо тавсия ба масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи музокира бо Амрико тасреҳ кард, он чӣ мӯҷиби афзоиши мушкилот мешавад, умед ба дигарон ва мунтазир мондан ба умеди кишварҳои дигар аст.