Баёнияи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар маҳкумияти таҳримҳои ахири Амрико зидди Эрон
(last modified Fri, 08 Nov 2019 12:58:24 GMT )
Ноябр 08, 2019 17:58 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар маҳкумияти таҳримҳои ахири Амрико зидди Эрон

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ таҳримҳои ахири Амрико зидди Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ, теъдоде аз фармондеҳон ва мақомоти лашкариро маҳкум кард.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи ҷумъа бо судури баёнияе эълом кард, иқдоми режими мустакбир, султагар ва террористии Амрико дар таҳрими Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва теъдоде аз фармондеҳону мақомоти лашкарии ҷумҳурии исломӣ, ки ҳамвора дар хатти муқаддами амният ва ифтихорофаринӣ барои миллати Эрон дар баробари тавтеаҳо ва нақшаҳои шайтонии ҷабҳаи душманони Инқилоби Исломӣ дурахшидаанд, далолат бар ҳаққоният ва муваффақияти роҳу масире дорад, ки аз як сӯ хурсандӣ, эътимод ва ғурури эрониёну уммати исломиро рақам задааст ва аз сӯйи дигар асабонияти ҷабҳаи душман, бавижа ҳайати ҳокимаи бехиради Кохи Сафедро намоён сохтааст. Ин баёния меофзояд, қароин нишон медиҳад, душман дар майдони тақобули роҳбурдӣ бо Инқилоби Исломӣ ба шумориш афтодааст ва ин гуна иқдомот дар муодилаи маъкус зимни бознамоии шикаст ва истисоли Амрико беэътимодӣ ва танаффури миллати Эрон зидди онҳоро таъмиқ ва дар идомаи муқовимати фаъол, истодагӣ ва пойдории таъсири меҳвари худ мусаммамтар месозад ва раванди заволи ҳатмии амрикоиҳоро низ суръат мебахшад.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ таъкид кард, бетардид, нокоромадӣ ва шикасти таҳриму нақшаҳои амрикоӣ дар ҷанги золимонаи иқтисодӣ ва исботи ҳушмандӣ, зарфиятҳо ва тавонмандиҳои миллии Эрон барои табдили таҳдидҳо ба фурсатҳои боланда ва муваффақ дар пешравандагӣ, пешрафти кишвар ва муқовимсозии низом дар баробари иқдомоти ғайриқонунӣ ва зиддонсонии душманон, ки омили асли асабонияти Амрико ва дунболаравҳои Кохи Сафед ба шумор меравад, Эрони исломиро дар пайгирии аҳдоф ва ормонҳои баланду тамаддунсози худ муттаҳидтар ва собитқадамтар месозад.