Панҷ кушта дар зилзилаи 5.9-дараҷаии Миёна
(last modified Fri, 08 Nov 2019 14:57:03 GMT )
Ноябр 08, 2019 19:57 Asia/Dushanbe
  • Панҷ кушта дар зилзилаи 5.9-дараҷаии Миёна

Раиси Маркази мудирияти ҳаводис ва фавриятҳои пизишкии устони Озарбойҷон Шарқӣ, шимолу ғарби Эрон эълом кард, зилзилаи 5.9-дараҷаии шаҳристони Миёнаи ин устон то кунун 5 кушта бар ҷой гузоштааст. Фарзоди Раҳмонӣ теъдоди масдумони ин заминларзаро 20 нафар эълом кард.

Муҳаммадбоқири Ҳунарбор, мудири кулли мудирияти буҳрони устондории Озарбойҷони Шарқӣ ҳам гуфт, то кунун тахриби беш аз 30 воҳиди маскунӣ дар рустоҳои минтақаи зилзилазада гузориш шудааст.

Заминларзае ба бузургии 5.9 дараҷа соати 02:17-и имрӯз, ҷумъа, шаҳри Тарки шаҳристони Миёнаи устони Озарбойҷони Шарқиро ларзонд. Ин заминларза дар умқи 8-километрии замин рӯй дод. Заминларзаи 5.9-дараҷаӣ (мутобиқи ҷадвали Рихтер)-и Миёна дар устонҳои Озарбойҷони Ғарбӣ, Ардабил, Гелон, Занҷон ва Қазвин низ эҳсос шуд. Ҳамакнун 16 тими имдоду наҷот машғули хидматрасонӣ дар манотиқи зилзилазада ҳастанд. Бар асоси эъломи Исмоили Наҷҷор, раиси Созмони мудирияти буҳрони Эрон, тамоми тимҳо ва авомили мудирияти буҳрон, имдодӣ, хадамотӣ ва интизомии устони Озарбойҷони Шарқӣ ва ҳамчунин устонҳои ҳамҷвори ин устон дар омодабоши комил ба сар мебаранд.